Дар ҳоле, ки раддабандиҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро яке аз камбағалтарин кишварҳои дунё муаррифӣ мекунанд, Раисҷумҳури Тоҷикистон бо худсафедкунӣ аз поёнравии сатҳи камбизоатӣ мегӯяд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадаш дар нишасти Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз баргузор шуд гуфт, сатҳи камбизоатӣ дар соли 2017 нисбат ба соли 2015 1,3 дарсад камтар шудааст.
Раисҷумҳур гуфт баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
“Ҷиҳати наздик шудан ба ин ҳадафи олӣ дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир дар самтҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ муяссар гардид, ки сатҳи камбизоатӣ ва фақри шадид ба таври назаррас паст шуда, табақаи миёнаи аҳолӣ афзоиш пайдо намояд”, — таъкид кард ӯ.
Раисҷумҳур иддао кард соли 2017 сатҳи камбизоатӣ ба 29,7 фоиз расидааст, ки дар қиёс ба нишондиҳандаи соли 2015 1,3 фоиз поён рафта, табақаи миёнаи аҳолӣ аз рӯи арзёбии пешакӣ ба 24 фоиз баробар шудааст.
“Чунин натиҷа дар асоси таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоизи солона ва афзоиши хароҷот ба бахши иҷтимоӣ ба даст оварда шуд” — изҳор дошт ӯ.
Ба андешаи раисҷумҳури Тоҷикистон яке аз омилҳои “рушди назарраси иқтисодӣ дар Тоҷикистон” афзоиши маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ мебошад.
Ӯ гуфт “таҳлили сохтори маблағгузории асосӣ аз рӯи шаклҳои моликият нишон медиҳад, ки маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, асосан аз ҷониби давлат сурат гирифта, ҳаҷми сармоягузориҳои хусусии дохилӣ кам аст ва ҳанӯз ба омили воқеии рушди иқтисодиёт табдил наёфтааст”.
Ҳиссаи сармоягузории хусусӣ барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии кишварро раисҷумҳур ҳамагӣ 10 фоиз хонд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт маблағҳои шарикони рушд низ дар шакли қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумак ба самтҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ равона шудаанд. Ва аз онҳо хоҳиш кард “ҳиссагузории худро дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон зиёдтар намоянд”.
Бо 836 доллар маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ба сари аҳолӣ, Тоҷикистон чаҳорумин кишвари фақири дунё маҳсуб мешавад.
Қаблан сомонаи “FocusEconomics” эълон крад буд бо 836 доллар маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ба сари аҳолӣ, Тоҷикистон чаҳорумин кишвари фақири дунё маҳсуб мешавад.. Фақиртар аз Тоҷикистон танҳо се кишвари африқоӣ – Конго, Мозамбик ва Уганда будаанд.
Аввалин ва ҳамагӣ як бор соли 2013 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз марзи 1000 доллар убур карда буд, аммо бӯҳрони оғози иқтисодии Русия ва коҳиши интиқоли пули муҳоҷирин, ин нишондод дубора поён рафт.
Пойгоҳи “FocusEconomics”, пешбинӣ кардааст ММД бар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон танҳо соли 2022 аз марзи ҳазор доллар убур карда, ба 1086 доллар хоҳад расид.