Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Наздик ба 2.5 миллиард харҷи мухлисони футбол дар се рӯз

$
0
0

Дар се рӯзи аввали мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия мухлисони маъруфтарин навъи варзиш, ки ба ин кишвар сарозер шудаанд, танҳо тавассути корти бонкии Visa наздик ба 2,5 миллиард рубл масраф кардаанд.

Ширкати Visa омори харҷи мухлисони футбол дар се рӯзи аввали мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонро нашр кардааст. Тибқи он истифодабарандагони корти ин ширкат, ки барои тамошои футбол ба Русия рафтаанд, дар ин муддат наздик ба 40 миллион доллари ИМА масраф кардаанд.

Харҷи мухлисони футбол бештар аз ҳама ба Маскав рост омадааст. Дар пойтахти Русия корбарони хориҷии корти Visa дар се рӯз 1,7 миллиард рубл сарф кардаанд.

Дар ҷои дуввум Санкт Петербург меистад, ки мухлисон дар ин шаҳр 506 миллион рубли худро боқӣ гузоштаанд.  Баъди он дар Сочи, Қазон ва Екатеринбург мутаносибан 104 млн, 71млн ва 48 млн пули мухлисон тавассути Visa масраф шудааст.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>