Бо фармони Шавкат Мирзиёев, вазири рушди фанноварии Ӯзбекистон як шаҳрванди олмониро ба унвони муовини ин вазоратхона мансуб кард.
Бар асоси гузоришҳо, Карстен Ҳайнз шаҳрванди олмонӣ ба унвони муовини вазири рушди фановарии Ӯзбекистон таъин шудааст.
Мақомоти давлати Ӯзбекистон боло будани таҷрибаи Ҳайнз дар умури фанновариро далели таъин шудани вай ба ин симати муҳим унвон кардаанд. Онҳо изҳори умедворӣ кардаанд ки битавонанд дар оянда дар зерсохтҳои ин кишвар аз таҷрибаи Ҳайнз истифода кунанд.
Ҳайннз то замони расиданаш ба вазифаи ҷонишини вазири рушди фанноварӣ дар Ӯзбекистон, дар вазорати фановарии Олмон машғули кор будааст.
Ин шаҳрванди олмонӣ дуввумин хориҷӣ дар давлати Ӯзбекистон аст. Қаблан ба унвони муовини вазири рушди фанноварӣ дар соҳаи иттилоот ва иртиботот Ким Ним Аск, шаҳрванди Кореяи ҷанубӣ ба кор оғоз карда буд.