Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сухангӯи ҲНИТ: ҳатман гуфтугӯҳо дар бораи ҳамкориҳои оянда сурат хоҳад гирифт

$
0
0

Қарор аст ҳамоише дар Дортмунди Олмон баргузор гардад. Ин ҳамоишро расонаҳо аллакай «ҳамоиши мухолифин» номгузорӣ кардаанд ва сару садоҳо ҳам баланд шудааст, ки имкон дорад ИНОТ-2 таъсис ёбад.

Барои рӯшан кардани қазия Паём ба сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов муроҷиъат кард.

— Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш чист?

— Чуноне ки аз номаш ҳувайдост, ҳадаф аз баргузории он аз тарафи тоҷикистониён бузургдошти сулҳи нофарҷоме аст, ки бо сад мушкил ва бо ормонҳои зиёде ба даст омад, аммо буғзу бадбинӣ бар ақли солиму ғолиб омаду ҳама заҳматҳоро ба бод бурд. Ҳарчанд як тараф (беҳтараш як нафар, зеро хелеҳо аз ба ин шакл сурат гирифтани кор норозӣ ҳастанд) сӯлҳро шикаст, ба ин маъно нест ки мо онро ҷашн нагирем. Бояд ба ҳадде садоро баланд овард, ки маълум шавад кӣ сулҳро намехост ва то кунун намехоҳад, ҳарчанд худро асосгузори он шуморад.

— Ташкилкунандаи он ҲНИТ аст ё ягон созмони дигар ва ё шахсони алоҳида?

— Фаъолони ҲНИТ дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳову шахсони алоҳида.

— Расонаҳо аз эҳтимоли таъсиси иттиҳод ё эътилофи мухолифин ҳарф мезананд. Оё чунин нақшае вуҷуд дорад?

— Пас аз ҳамоиш, мизи гирде дар мавзӯи «Ояндаи Тоҷикистон: Ҳокимияти хонаводагӣ ё демократияи миллӣ» баргузор мешавад. Қарор аст коршиносони тоҷик ва фаъолони сиёси аз гурӯҳҳои мухолифин ва шахсиятҳои мустақил ин мавзуъро баҳсу баррасӣ кунанд. Вақте масъали ояндаи Точикистон аст, бешак суҳбат дар мавриди  ҳамкориҳо ва фаъолиятҳои муштарак низ сурат хоҳад гирифт.

— Ба ҳамоиш танҳо ҳизбу ҳаракатҳо даъват шудаанд ё шахсони алоҳида низ ҳузур меёбанд?

— Ҳама тоҷикистониёни муқими Аврупо сарфи назар аз гароишҳои сиёсӣ, динӣ ва қавмӣ.

— Ба назари Шумо давлати Тоҷикистон чӣ вокунише ба ин ҳамоиш хоҳад дошт?

— Мисли ҳамоишҳои сулҳ, ки солҳои қабл баргузор мешуданд. Шояд ягона ҳукумате бошад ки монеъи баргузории конфронсҳои сулҳ аз тарафи шаҳрвандонаш мешавад.

Сулҳситезӣ дар кишварамон ба ҳадде расидааст, ки на танҳо монеъи баргузории нишастҳо дар мавриди созишномаи сулҳ мешаванд, балки аз шунидани номи Комиссияи оштии миллӣ бадашон меояд. Ҷои тааҷҷуб ҳам нахоҳад буд, дар оянда шунавем ки аъзои боқимондаи КОМ аз ҳар ду тараф хатаре ба «амнияти миллӣ» доранд.

— Оё то имрӯз ҳеҷ фишоре ба ташкилкунандагони ҳамоиш ва ширкаткунандагони потенсиалии он фишоре расидааст?

— Фишорҳо болои хонаводаҳои фаъолони сиёсӣ беш аз як моҳ аст ки пурзӯр шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба воқеъияте ки дар остона ва ҳангоми ҳар чорабинии умда аз тарафи мухолифин, хонавода таҳти фишор қарор мегиранд, баъид нест ки ин фишорҳо рабте ба чорабинии қарибулвуқӯъ дошта бошад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>