Дар вилояти Саратови Русия се вакили мардумӣ аз Ҳизби коммунистро ба ҷаласаи Думаи вилоятӣ роҳ надоданд. Дар он ҷаласа овоздиҳӣ ба тарҳи пешниҳодии боло бурдани синни нафақа баррасӣ мешуд.
Се вакили Ҳизби коммунисти Русия дар вилояти Саратов вақте ба Дума омаданд, аз онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият талаб карданд. Қаблан чунин талаб аз ҳеҷ вакиле сурат нагирифта буд.
Талоши ворид шудан ба ҷаласаи Дума барои вакилони Ҳизби коммунист ба нокомӣ анҷомид. Муҳофизон онҳоро ба ҷаласа роҳ надоданд ва талаб карданд, ки тартиби воридшавӣ ба ҷаласаро риоя кунанд. Тибқи ин тартиб ҳар воридшаванда бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият нишон диҳад.
Вакилони ҲКТ дар тан футболкаҳои сафед бо навиштори “Ҳизби коммунист зидди ислоҳоти нафақа” доштанд.
Дар муддате, ки ин се вакил аз ҲКТ машғули баҳс бо муҳофизин буданд, вакилон аз ҳизби Единая Россия ҷаласаро тамом карданд. Онҳо якдилона ба қонуни ислоҳоти нафақа овоз доданд.
Тибқи ин тарҳ синни нафақа дар Русия аз 60-солагӣ барои мардон ва 55-солагӣ барои занон ба 65 ва 63-солагӣ мутаносибан боло бурда мешавад.