Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

КДАМ Тоҷикистон боз як нафарро аз Маскав дуздид

$
0
0

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як шаҳрванди сисолаи Тоҷикистонро аз Маскав дуздида, ба Тоҷикистон бурдааст. Дар ин бора ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик дар саҳифаи фейсбукиаш хабар медиҳад.

Абдушукур Ҳакимов, шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи шаҳри Хуҷанд ки чанд сол аст дар Маскав зиндагӣ мекунад, субҳи рӯзи панҷшанбе, 12 июл ба кор меравад ва соати 18.00 аз рақами ӯ ба ҳамсараш се паёмак мерасад, ба ин маънӣ ки ӯро дуздидаанд ва қасд доранд ба Тоҷикистон фиристанд. Ҳамсараш аз қазия Валентина Чупикро огоҳ мекунад.

Баробари расидани ин хабар хоҳари Абдушукур ба фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав рафта ба пулис мкроҷиат мекунад. Аммо кормандони пулис ба ӯ бо ханда посух медиҳанд. Танҳо баъди навиштани ариза онҳо мегӯянд, ки бародараш дар фурӯдгоҳ аст, ва соати 00:55 ба Тоҷикистон парвоз хоҳад кард.

Тибқи ҳолномаи Абдушукур, ки худаш навиштааст, ӯ соли 2006, баъди хатми мактаб ба Русия рафтааст ва онҷо зиндагӣ мекунад ва танҳо як маротиба дар соли 2012 барои якуним моҳ ба Тоҷикистон омадааст. Ҳамсар ва се фарзанди ӯ шаҳрванди Русия ҳастанд.

Мушкили ӯ, тибқи навиштаи худаш, замоне оғоз шуд, ки панҷ сол қабл ҳамсинфаш Бахтиёр Маҳкамов бо иттиҳоми ширкат дар гурӯҳи террористӣ боздошт ва ба зиндон маҳкум гашт. Абдушукур мегӯяд ҳеҷ иртиботе баъди хатми мактаб бо Бахтиёр надошт, вале баъди боздошти ӯ кормандони КДАМ аз падару модари Абдушукур талаб мекарданд, ки ӯро ба Тоҷикистон баргардонад.

Дертар худи кормандони КДАМ ба Абдушукур мустақиман занг зада талаб мекарданд, ки ба Тоҷикистон баргардад ва ба суолҳои онҳо посух гӯяд. Абдушукур мегӯяд ҳатто боре падаршро барои 5 рӯз боздошт ва шиканҷа кардаанд, ки дар натиҷа ӯ ба сактаи қалбӣ мувоҷеҳ шудааст. Осори латукӯб ва сактаи шавҳарашро дида, модари Абдушукур ҳам сактаи сабуки қалбӣ бардоштааст.

Кормандони КДАМ Тоҷикистон борҳо ба ӯ таҳдид кардаанд, ки агар ба ихтиёри худаш барнагардад, бо ҳар роҳе худашон бармегардонанд. Ва ниҳоят 12 июл ӯро дуздидаанд.

Валентина Чупик дарҳол созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, мақомоти баландпояи ФСБ ва расонаҳои русиву байналмиллалиро хабардор кардааст, вале дигар касе натавониста кӯмак кунад. Абдушукур Ҳакимов ба Тоҷикистон бурда шудааст ва ба шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ таҳдид мекунад.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>