Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсӣ дар Ҳамоиши бахшида ба 21-солагии Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон дар шаҳри Дортмунди Олмон ба таври онлайнӣ суханронӣ кард.
Зимни суханронӣ ин ҷавони фаъол таъкид ба он намуд, ки пеш аз ҳама, аз шаҳрванди Тоҷикистон буданаш ифтихор мекунад ва устуворона муборизаи худ баҳри ҳуқуқу озодиҳоро идома хоҳад дод.
“Ман шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам ва шиносномаи ин кишварро дорам. Ман худамро ҷинояткор ва хоин намеҳисобам, ҳамеша талоши ман барои ҳуқуқҳо ва озодиҳои шаҳрвандиям аст. Ман бо истифода аз механизмҳои ҳуқуқӣ ҳаққи шаҳрвандии худамро талаб мекунам ва ҳеҷ гоҳ касеро накуштаам ва ба касе зарар нарасонидаам. Ба ватанам ҳам хиёнат накардаам ва сабаби рехтани обрӯи кишварам ҳам нашудаам. Баракс кӯшиши мо инаст, ки дар арсаи байналмилалӣ кишвари моро бо хубиҳояш бишносанд. Ба амалҳое, ки сабаби сархамии миллат мешавад хотима дода шавад. Ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ моро касе маломат накунад”.- таъкид намуд Вайсиддин Одинаев.
Ӯ афзуд: “Дар бораи баҳамоӣ ва сулҳи Тоҷикон бошад ҳаминро гуфтаниям, ки дар воқеъ истиқрори сулҳи тоҷикон сутуданӣ аст. Зеро он рӯзҳо ҳама тарафҳо тамоми кинаву кудурат ва хашму ғазаби худро як сӯ гузошта, тавонистанд ҳамдигарбахшӣ ва дурандешӣ намоянд. Халъи силоҳ намуда, аз паи зиндагии осоишта шаванд”.
Дар идомаи суханронӣ Вайсиддин Одинаев бо изҳори таассуф гуфт, ки ба ин дастоварди бузурги миллӣ имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар хунукназарона рафтор мешавад.
“Мутаассиф аз он ҳастам, ки зимоми роҳбарият дар дасти касе аст, ки ин ҳама дурандешӣ ва аз худгузаштагиҳои миллатро сӯистифода мекунад. Эмомалӣ Раҳмон бо сӯистифода аз мақомаш ҷонфидоиҳои миллат барои сулҳро нодида гирифт ва онҳое, ки баҳри истиқрори сулҳ ҷонбозиҳо карда буданд, ба ҳошия ронд ва ҳатто ҳамин сулҳро ҳам танҳо моли худ донист.” — гуфт Вайсиддин Одинаев.
Ба бовари Одинаев ҳаммаи касоне, ки новобаста аз он, ки аз кадом ҷониб замони даргирӣ дар кишвар буданд, бояд ба онҳо эҳтиром қоил шуд. Чун пеш аз ҳама кӯшиш ва талоши аксарияти онҳо ин буд, ки барои миллат як ояндаи нек тақдим кунанд. Ҳарчанд чунин нашуд, танҳо ҳамин оромии имрӯзаро, ки дар кишвар ҳукмфармост метавон ҳадяи бузурги онҳо ба насли имрӯза донист.
Зимни баромади худ Вайсиддин Одинаев ба суханони чанд рӯз пеши Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сулҳ низ дахл карда гуфт, ифтихори истиқрори сулҳ танҳо марбути раисҷумҳур нест. Ин дастоварди тамоми миллат аст.
“Як нуктаи дигаре, ки қайд кардан мехоҳам, ин дар бораи суханони чанд рӯз пеши Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфт ӯ ҳеҷ як Созишномаеро имзо накардааст. Ин ҳарфҳо ба андешаи ман ҳамчу як шаҳрванди Тоҷикистон таҳқири мардум аст. Чун сулҳ ба хоҳиши мардум ба миён омад. Иродаи мардум буд, ки ҳамагон силоҳҳои худро яксӯ гузошта ба ҳам сулҳ карданд. Агар иродаи воқеъии мардум намебуд, сулҳ намешуд ва то ба ҳол ҷанг идома меёфт. Мардум шоҳиди ин сулҳ буд ва касоне, ки дар ин созишу ба ҳамоӣ иштирок доштанд, мардум ҳоло фаромуш накардааст”.- қайд кард Одинаев.
Вайсиддин меафзояд: “Миллат худаш медонад, то чи андоза кӣ ҳақ буду кӣ ноҳақ буд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бошад, то андозае виҷдони худро аз даст додааст, ки ҳатто тамоми ваъдаҳо ва қарордодҳое, ки имзо кардааст, фаромӯш кардааст. Гӯё ёд надорад, ки ҷониби дигари имзои Созишнома кӣ буд? Ошкоро бидуни ҳеҷ ҳаёе мегӯяд, ки агар ман набудам ҳеҷ сулҳ набуд. Ин ҳарфҳои аҳмақона боиси нанг аст ва ба обрӯи Эмомалӣ Раҳмон чизе изофа намекунад. Шояд яқ қисми шахшудаи ҷомеъа ба ин ҳарфҳои Эмомалӣ Раҳмон бовар кунанд”.
Дар охир Вайсиддин Одинаев изҳори умедворӣ аз он кард, ки қишри ҷавони ҷомеъа то рафт бедор шуда истодаанд ва ин зулму истибдоди ҳукумат дур намепояд.
“Ман ба ин бовар ҳастам, ки имрӯзҳо аксари қишри ҷавони ҷомеъа бедор ҳастанд ва барои ҷавонони имрӯза, бовар кардан ва пайравӣ намудан ба чунин ҳарфҳо як нанге беш нест”. — изҳори боварӣ намуд Вайсиддин Одинаев.