Роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ, Илҳомҷон Ёкубов дар Ҳамоиши бахшида ба 21- солагии Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон, ки дар шаҳри Дортмунди Олмон бургузор шуд, суханронӣ намуда, мусибати муҳоҷирати тоҷиконро бадтар аз мусибати солҳои ҷанги шаҳрвандӣ унвон кард.
“Пас аз имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ва ба охир расидани кори комиссияи оштии миллӣ, Тоҷикистон дар вазъияти суботи сиёсӣ ва сулҳи комил қарор дошт. Сулҳ маънои аз як гиребон сар бароварда, ватани азизамонро обод мекунемро дошт ва ба касе ҳуқуқи афзалият дода нашуда буд, ки аз он моли миллат сӯиистифода намояд.” — ёдовар шуда гуфт Ёқубов.
Илҳомҷон Ёқубов зикр намуд, ки дастрасӣ ба маънавиёт, моддиёт, таъриху бойгонии миллат, ҷузъу томи ҷомеа, бояд ҳама баробарҳуқуқ мешуданд.
Ӯ афзуд, миллату мардум пас аз созишномаи сулҳ бовар дошт, ки кишвар ба як кишвари мардумсолор, ҳуқуқбунёд, дорои интихоботҳои озод, матбуоти озод ва қонунмеҳвар табдил хоҳад ёфт.
“Дар ҳақиқат чунин шонси таърихиро ҳукумати имрӯза дошт, ки Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари озоду мардумсолор ва кишваре, ки эҳтиром ба ҳуқуқи инсон дорад, дар минтақаву ҷаҳон муаррифӣ кунанд”. — таъкид кард Ӯ.
Ёқкбов бо изҳори таассуф изҳор намуд, ки чунин шанси тиллоиро ҳукумат аз даст дод ва бо мурури замон ба кишвари худкома табдил ёфт. Коҳи кӯҳнаро чунон бод карданд, ки чангаш ба осмон печиду ваҳдат ҳам аз байн рафт.
“Айни ҳол Тоҷикистон шояд як амнияту оромии нисбии муваққатӣ, ки бо тарсонидани мардуми хеш ба даст омадааст, дошта бошад, вале комилан ваҳдати миллӣ надорад. Зеро кишваре, ваҳдат дорад, ки мардум аз он кишвар намегурезад ва парешонии миллат ба таври равшан намоён намешуд”. — изҳор намуд Илҳомҷон Ёқубов.
Зимни суханронии худ роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ таъкид кард, ки кишвар агар ваҳдату иттиҳод ва рушду пешрафт медошт, ба мушкилотҳои умумимилливу нигаронкунанда ва муҳоҷирати саросарӣ рӯ ба рӯ намешуд.
“Мо мушкилоти бекорӣ дорем, ки хоси тамоми сокинони кишвар аст, кишвари мо мушкилоти фасоду коррупсионӣ дорад, ки хоси тамоми мардум шудааст, болотар аз ин, кишвар мушкилоти муҳоҷиринро дорад, ки ба як мушкилоти фаромиллӣ табдил ёфтааст.
Паёмадҳои муҳоҷирати мардуми тоҷик айни ҳол на камтар аз паёмадҳои бади ҷанги шаҳрвандист. Оқибати ҷанги шаҳрвандӣ ин буд, ки кудакон ятим монданд, модарон фарзандону шавҳарони худро аз даст доданд, ҳазорҳо маъюбу маҷрӯҳ шуданд ва хонаву дарашон вайрон шуд. Имрӯзҳо мебинем, ки ҳар сол наздик ба ду ҳазор муҳоҷир дар ғарибӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Ҳазорҳо маъбу маҷруҳ ва бемор мешаванд. Кудакон ятиму ҳазорҳо хоҳарон хонавайрон мешаванд. Модарон фарзандони худро аз даст медиҳанд. Магар ин паёмадҳо баъдтар аз паёмади ҷанги шаҳрвандӣ нест? Илова бар ин ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон аз паи сиёсатҳои ноҷо рӯ ба кишварҳои дуру наздик ва хусусан ба Аврупо паноҳанда шудаанд. Агар шароити сиёсиву иҷтимоъии кишвар хуб бошад, магар шаҳрвандон рӯ ба муҳоҷират меоранд? Аз биҳишт касе фирор намекунад” — изҳор намуд ӯ.
Роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ афзуд, дуруст аст, ки дар дигар кишварҳо низ муҳоҷират ҳаст ва мушкилот вуҷуд дорад, вале на дар сатҳи умумимилливу хоси тамоми мардум. Кишваре, ки ваҳдати миллӣ дорад, ҳатто як маҳбуси сиёсӣ надорад, инсонро барои ақидаву андешаҳои сиёсӣ ва диниаш ҳабс намекунанд.
“Кишвари мо ҳазорҳо маҳбусони сиёсӣ дорад. Кишваре, ки як нафар беш аз 20 солу 25 сол роҳбари давлат мешавад, дар он кишвар на ваҳдат буда метавонаду на иттиҳод. Инро таърих низ исбот кардааст. Зайналобидин бен Али 25 сол дар Тунис роҳбари давлат буд, охири соли 2009, бори панҷум бо касби беш аз 90 фоизи раъйи мардум роҳбари давлат интихоб мешавад. Ин овозҳо гӯё ваҳдати мардумиро ба намоиш гузошта буд, вале мардум ӯро сарнагун карданд. Муаммар Каддофӣ, Башор Асад, Ҳусни Муборак, Роберт Мугабе, ҳамаи ин нафарҳо беш аз 30 солу 40 сол роҳбарии кишвари худро ба уҳда доштанд ва фикр мекарданд, ки мардум онҳоро дӯст медораду кишвар дар як ваҳдати комил қарор дорад. Аммо ахиран худи мардум онҳоро сарнагун карданд”. — мегӯяд Ёқубов.
Ба бовари Илҳомҷон Ёқубов агар ин нафарҳо ваҳдати миллиро дар кишварашон мехостанд ва ваҳдати миллиро аз манфиати шахсиашон болотар медонистанд, ҳаргиз қонуни кишварашонро ба манфиати худ тағйир намедоданд. Дар кишварҳояшон интихоботҳои озоду шаффоф баргузор намуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин мекарданд. Ба ҷои ғасби дороиҳои мардум, дар қабзаи худ нигоҳ доштани қудрат ва кӯшиши авлодӣ намудани он, ба миллат умед мебахшиданд, то ҳам аз ҷиҳати кадрӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ рушд кунанд.
“Агар ин худхоҳон ба қонун эҳтиром медоштанд, зуд-зуд барои бақои худ қонун иваз намекарданд. Яъне шарти ваҳдати миллӣ дар як кишвар ин пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум, баргузории интихоботи шаффоф ва итоат аз қонун аст. Агар ин арзишҳо дар ҳар кишваре поймол шавад, дар он ҷо ваҳдат нест ва нахоҳад шуд”. — таъкид кард ӯ
Дар ниҳояти суханронӣ Ёқубов ба ҳуқуматдорони Тоҷикистон муроҷиат намуда гуфт: “Агар шумо воқеан ваҳадти миллиро мехоҳед, хоҳиши пешрафту шукуфоии миллат ва суботу оромиро доред, пеш аз ҳама эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандонро ба ҷо оред. Бе чуну чаро ҳама зиндониёни сиёсиро озод кунед. Манфиати миллатро аз манфиатҳои фардӣ боло донед”.