Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сайидюнуси Истаравшанӣ: ҷилави таҳрифи таърих бояд гирифта шавад (Навор)

$
0
0

Сайидюнуси Истаравшанӣ, узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани озодандешони Тоҷик дар Ҳамоиши тоҷикон дар Дортмунд ширкати ҳузурӣ надошт, аммо тавассути пахши мустақими интернетӣ суханронӣ кард.

Суханронии ӯ болои чаҳор нукта буд, ки гуфт:

Нуктаи аввал ин аст: Оё имзои ин Созишнома аз сӯи оппозисюни точик кори дуруст буд ё нодуруст?

Ба назари ман кори комилан дуруст буд, ҳам ақлан ва ҳам шаръан. Аммо ақлан ба ин ҷиҳат, ки ҳеҷ кишваре бо ҷангу хунрезӣ ва куштор байни шаҳрвандон ва фарзандони худаш ба чое нарасидааст, инро таърих собит кардааст. Дар ҳеҷ кишваре вақте ҷанг ҳаст пешрафту тараққи ҳам нест, аммо шаръан ҳам ин кор дуруст буд, чаро ки Худованд мефармояд: “Ассулҳу хайр”. Сулҳу созиш дар ҳар сурат некӯст. Бинобарин мухолифини тоҷик ҳаргиз аз ин кор пушаймон нестанд, балки ифтихор доранд, ки дар авҷи кудрат омаданд ба хотири барқарории сулҳу  созиш дар кишвар ҳозир шуданд барои имзои ин Созишнома.

Пушаймон шояд касоне бошанд, ки имрӯз ошкоро эълон мекунанд, ки мо бо касе чизеро имзо накардаем Ҳукумати кунунӣ, ҳокими кунунӣ ошкоро мегӯяд, ки ман бо касе, ба зери ягон чизе имзое нагузоштаам, хиҷолат ҳам намешавад. Инҳо қайди ҳама чизро — қайди имзоҳое, ки як замон гузоштанд, қайди тамоми савганду аҳду паймоне, ки баста буданд, заданд.

Ба чизе пойбанд нестанд ва инкор ҳам мекунанд. Онҳо пушаймон ҳастанд, ки имзо карданд. Бояд ҳамон замон ҳамаро аз байн мебурданд, аммо нашуд. Мунтазир буданд ва чун фурсати муносиб фароҳам шуд, боз ба ҳамон кори аввалаашон иқдом намуданд, яъне ба саркӯби мухолифин, ки фарзандони ҳамин миллатанд, аз Миррих поён нафаромаданд.

Бинобарин дар марҳилаи кунунӣ муборизаи мухолифин фақат барои тараққиву пешрафти кишвар нест, барои барқарории демократияву озодӣ нест, балки барои ҳифзи ин дастовард ҳам хаст. Мо нахоҳем гузошт, ки ин сулҳ, ин дастоварди бузург ба фаромӯши супорида шавад. Дар марҳалаи кунунӣ ҳамаи нерӯҳои мухолиф, ҳамаи нерӯҳои фаъол бояд даст рӯи даст гузоранд, мутаҳид шаванд ва коре кунанд, ки сарнавишти кишвар ва миллатамон ба дасти як хонавода, як нафар гиреҳ нахӯрад. Ин мусибат аст, бояд ҷилави инро гирифт, хоҳем гирифт ва ин имконпазир аст, шуданист

Нуктаи дуюм ин аст: Ҳокими феълӣ одами арзишмадор нест, пойбанди хеч чизе, ки як замон ваъда карда буд, нест. Ин одам савганд ёд карда буд, ки бояд ҳама чиз фаромӯш шавад, касе, ки он давраро ба ёд меорад ё эҳё мекунад, хоин аст. Имрӯз ошкоро ҳамон корҳои солҳои 90-умро такрор мекунад, воқеиятҳоро таҳриф мекунад, тамоми бадбахтиҳоро ба гардани мухолифин бор мекунад. Ин таҳрифи таърих аст, бояд ҷилави инро бигирем.

Мо вазифа дорем, аслан воҷиб аст, ки имрӯз бо арқом, омор, асноду мадорик ҷилави ин таҳрифи таърихро бигирем. Ба самъу назари мардум бирасонем, ки сабабгори тамоми бадбахтиҳо ҳамин одам аст, ҳамин гурӯҳе, ки имрӯз зимоми умури идораи кишвар дар дастони онҳост. Вагарна мухолифин чӣ кор карданд? Мухолифин хестанд ва тазоҳурот карданд, ки кишвари мустақил бошанд, озод бошанд, ҳукумат даст ба даст шавад, аммо онҳоро саркӯб карданд, водорашон карданд, ки муҳоҷират кунанд, ҷангро бо кӯмаки баъзе аз кишварҳои ҳамсоя бар онҳо таҳмил карданд. Ва имрӯз мебинед, ки ин воқеиятҳоро таҳриф мекунанд,  ҳама чизро ба гардани оппозисиюн бор мекунанд. Ҷилави инро бояд гирифт. Бояд собит кунем, ки сабабгори тамоми бадбахтиҳо Фронти халқӣ аст. Инҳо бояд гуфта шаванд, сукут дар ин мавқеъ хиёнат аст.

Нуқтаи сеюм ин аст: Баъзеҳо мегӯянд, ки на роҳи ҳукумат дуруст аст, на роҳи оппозисиюни феълӣ ва бояд роҳи севумро интихоб кунем. Хуб, роҳи давлату ҳукумат нодуруст аст, инро ҳама мутафиққул қавлем, касе шакке надорад, аммо чаро роҳи оппозисиюнро зери суол барем? Кучояш иштибоҳ буд?

Шумо роҳи севум, чоруму панчумро ироа кунед, шумо дар ироаи назар, ироаи роҳ ихтиёр доред, аммо беҷиҳат касеро зери суол набаред. Табиист, ки касе кор мекунад, иштибоҳ мекунад. Аслан иштибоҳро касе намекунад, ки ҳеҷ коре накунад. Аммо оё метавон гуфт, ки роҳи оппозисион аз ибтидо иштибоҳ буд? На!  Тоҷикистон кишвари боаксарияти мусалмон аст. Чаро бояд ҷилави аҳзобу гуруҳҳои диниро гиред? Шумо ё бо ҷомеа шинос нестед ё бо мардум.

Бинобарин ин роҳи оппозисион дар соли 90-ум дуруст буд, ки исломиҳо омаданд бо аҳзобу гурӯҳҳои мухталиф бо гароишҳову дидгоҳҳои мутанаввир бо ҳам шуданд, гирди ҳам омаданд, мутаҳҳид шуданд ва ин дуруст буд. Аслан дар ҷомеаи Точикистон ҳамин равиш дуруст аст, на  бе як тараф будани тарафи дигар. Алъон ҳокими феълӣ кораш ҳамин аст, мехоҳад дар киштӣ факат худаш бошад.

Инсон дар ироаи роҳу роҳи ҳаллу изҳори назар озод аст, ҳама озоданд, аммо бе ҷиҳат зери суол бурдан кори дуруст нест. Агар воқеан ба ин миллат дилатон месӯзад, мехоҳед хизмат кунед, дар канори оппозисиюн қарор бигиред, пешниҳодҳои худро ироа бикунед, на ин ки як дукон таъсис бикунеду сабаби иншиқоқу тафриқа гардед. Ин кори дуруст нест.

Нуқта охирин ин аст: Дар миён афрое ҳам ҳастанд, яъне коршиносон, одамоне, маризе надоранд, аммо корашон нохудогоҳ, нохоста афкандани ноумедӣ байни мардум, хусусан мухолифон аст: “Онҳо дар хориҷанд, аз дасташон коре барнамеояд, фаъолият аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷое намерасад”.

Ин ноумедӣ коштан аст, ки дуруст нест. Билохира, мутаваҷҷех нестанд, ки ҳар коре бояд аз як нуқта шурӯъ шавад, аз осмон чизе фурӯд намеояд. Ба таърих нигоҳ кунем, ҳар мубориза, ҳар мувафаққият аз ҷое шурӯъ шудааст. Вақте шурӯъ шудааст, хеле замон  бурдааст. Ин хел нест, ки дар як дафа ҳама чиз фароҳам шаваду ҳама мушоҳида кунанд. На, як равандеро бояд пушти сар гузошт. Бигзор замондор бошад, ишколе надорад. На ин ки ҳама тамошобину мунтазир бошем, ки моидаи осмонӣ фуруд ояд.

Бояд фаъолият кунем, ноумед нашавем ва ин бешубҳа самара хоҳад дошт. Сониян оппозисиюн дар Тоҷикистон ҳузур доранд. Инро ҳатман дар оянда хоҳед дид.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>