Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ тоҷикистониёнро ба якҷоя “Бас!” гуфтан ба Эмомалӣ Раҳмон даъват кард.
Ӯ Эмомалӣ Раҳмонро хоине номид, ки ба созишномаи сулҳ хиёнат кард ва мардумро ғорат намуда, пулҳои ғораткардаашро ба офшорҳо фиристод.
Муҳиддин Кабирӣ гуфт бояд минбаъд аз шикояту бечоранолӣ даст кашид ва бо тарафи дигар бо нерӯву қудрат сӯҳбат кард. “Муҳимтарин омил ва қадам иттиҳод аст. Иттиҳоди ҳамаи фарзандони ин миллат. Ва ҳама бо ҳам бигӯем “Бас”. Чӣ касоне, ки дар ҳукумат ҳастанд, чӣ касоне, ки дар дохил ё берун ҳастанд. Бояд муттаҳид шуд”.
Хиёнатро як нафар кардааст
Раиси ҲНИТ гуфт набояд гуфта шавад, ки як тараф ба сулҳ хиёнат кард. “Ин хиёнат тараф надорад. Миилат ваҳдат кард, ҳамдигарро бахшид. Ҳарду тараф — ҳам Фронти халқӣ, ҳам ИНОТ то имрӯз ваҳдат карданд, бо ҳам вафодор ҳастанд. Фақат як нафар хиёнат кардааст ва он як нафар ном дорад. Ман мутмаинам, ки аксари аъзои Фронти халқб ва ҳатто аъзои хонаводааш аз ин аҳдшиканиҳо розӣ нестанд”.
Муҳиддин Кабирӣ аз Созишномаи сулҳ ҳарф зад ва гуфт, ки аз зиёд мегӯянд, вале матни онро дар ҳеҷ куҷо матни онро нашр намекунанд. “Зеро агар мардум аз матни Созишнома огоҳ бошад ва бо амалҳои имрӯз муқоиса кунад, хиёнат ошкор мешавад.”
Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба онҳое, ки ҲНИТ-ро таъна мекунанд баъди хиёнату фиреби ҳукумат ҳам ин идро ҷашн мегиранд гуфт “ин сулҳу оштӣ байни ду тараф — Фронти халқӣ ва Нерӯҳои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин шуда буд ва гурӯҳҳову марудм воқеъан ҳамдигарро бахшида буданд. Мо ёд дорем касонеро, ки қотили падару модарашонро шинохтанд ва ӯро ба хотири сулҳу ваҳдат бахшиданд. Ин сулҳу ваҳдату воқеъӣ аст ва то имрӯз ин инсонҳо ба сулҳу ваҳдат содиқ монданд”.
“Сабаби ин ҳама қонушиканӣ, ин ҳама аҳду паймоншиканӣ, пайдоиши Проотоколи 32-20, ки бо имзои худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қабул шуд, тағйироти чанддафъаина ба Сарқонуни Тоҷиикистон, зиндониҳои сиёсӣ ва ҳиҷрати мову шумо як чиз аст: тамдиди қудрат ва ҳифзи моликияти дуздидашуда” — гуфт раиси ҲНИТ.
Дар бораи таънаҳои фейсбукӣ
Муҳиддин Кабирӣ ба эътирози гурӯҳе. ки мегӯянд фаъолияти мухолифин таъсире ба ҳукумат надорад посух дод ва гуфт “агар таъсир намедошт болои мо ин қадар фишор намеомад. Ҳоло, ҳамин соат, мустақим ҳарфҳои моро мақомоти масъулин гӯш карда истодаанд.”
“Гурӯҳе аз зиёиёну бузургворони мо мавқеъи ҷолибе гирифтаанд, — гуфт раиси ҲНИТ — намехоҳанд ҷузъи ин ҳукумати фасодзода бошанд ва боз ҳам намехоҳанд бо мухолифину муборизин ҳамроҳ бошанд. Мегӯянд “аз дасти шумо чӣ меояд?”. Ӯ аз ин мавқеъ интиқод кард ва гуфт “ҳади ақал дар дили мардуме, ки ба мубориза бархостааст тухми ноумедӣ накоред. Бояд ошкор гуфт “метарсам”. Ин ҷавонмардонатар мешавад”.
Раиси ҲНИТ гуфт моро таъна мекунанд, ки фиреб хӯрдем. “оре мо фиреб хӯрдем ва эътироф мекунем. Ин хислати тоҷикӣ аст, ки бо он самимияту зудбоварие, ки дорад тӯли таърих аз ҳама фиреб хӯрдааст. Агар мехоҳед моро бо ин хатоямон танқид кунед, қабул дорем. Аммо биёед як бор хоину дуздро ҳам танқид кунед. Агар аз ин дузди қавӣ метрасед, моро ҳам таъна накунед. Мо қабул дорем, ки фиреб хӯрдем, аммо тарафи дигар хиёнат кард, дуздид”.
Дар бораи иттиҳод
“Ду се сол аст, ки баъзеҳо моро даъват мекунанд ба ҳамдигарфаҳмиву сулҳу гуфтугӯ. Барои нишастан бо ҳам ду шарти бисёр сода ва муҳим ҳаст: ё як нафарро даъват мекунӣ барои нишастан, ё худат ба наздаш меравӣ. Дар фейсбук мулоқоту иттиҳод карда намешавад”, — гуфт Кабирӣ.
Муҳиддин Кабирӣ гуфт “Агар мо итиҳод мехоҳем бояд инро қабул карда бошем, ки Тоҷикистон аз қадим гуногунандеш, гуногунқавм, гуногунмазҳаб ва гуногунравия буд. Тоҷикистон маҳкум ба он аст, ки бояд як кишвари озод, гуногунандеш, дорои бисёрҳизбӣ, бисёрқавмӣ, бисёрмазҳабӣ бошад. Агар мо инро қабул дорем, пас бояд эълон кунем, ки мо тарафдори як Тоҷикистони озод, демократӣ ва дунявӣ ҳастем.”
Раиси ҲНИТ гуфт “Тӯли таърих ҳамеша ба муборизону истлоҳотхоҳон тӯҳмат кардаанд. Сар аз ҳазрати Мӯсову ҳазрати Исо ва Паёмбари ислом (с) то Манделлаву дигарон. Моддаҳои парвандаи Манделларо бо парвандаи Муҳаммадалӣ Ҳаит муқоиса кунед, яксон ҳастанд. Ҳатман рӯзе фаро хоҳад расид, ки Нелсон Манделлаҳои тоҷик аз зиндон берун меоянд ва ҳукумат хоҳанд кард.”
Ӯ гуфт “рӯзе ин миллат ба ҳам хоҳад омад ва он рӯз дер нест”.
Дар бораи таъқиб дар дохилу хориҷ
Муҳиддин Кабирӣ гуфт “мо танҳо бо як нафар мушкил дорем. На бо аъзои ҳукумат ва на бо аҳзобу гурӯҳҳои дигар. Мо ҳаргиз бо хонаводаҳои онҳо кореро, ки онҳо имрӯз бо хонаводаҳои мо доранд анҷом медиҳанд, нахоҳем кард. Онҳо ҳам мард бошанд ва бо мардон сӯҳбат куннанд. Моро мекушанд, шиканҷа мекунанд, мисли раҳматии Умаралӣ Қувватов террор мекунанд, агарчӣ ғайриқонунӣ аст, мо қабул дорем. Ин шаҳодат ва ифтихор аст барои мо. Аммо ба зану фарзанд ва падару модари мардум нарасед. Ин корро ҳатто Чингизхон, ки барои шумо улгӯ аст, анҷом надодааст”.
Ӯ гуфт “вақте мо инҷо меомадем мутаваҷҷеҳ шудем, ки моро таъқиб мекунанд. Ман ба бачаҳо гуфтам равед ва салом кунеду тоҷикӣ сӯҳбат кунед. Вақте рафтанд ва дарҳол тоҷикӣ суол карданд, ки таксиро аз куҷо гирем, он нафар саросема шуд ва посух дод, ки “kenne Tadschikisch” — тоҷикиро намефаҳмам. О ту тоҷикиро надонӣ аз куҷо фаҳмидӣ, ки ин нафар тоҷикӣ сӯҳбат кард”.
Оиди даъвати мухолифин ба кишвар
Раиси ҲНИТ ба мавзӯъи даъвати ҳукумат аз мухолифин пардохт ва гуфт “шумо ба хотири он Эшони Абдусаттору Абдураҳиму дигаронро даъват карда истодаед, ки зӯратон омад. Ин мардум сархам нашуд, ин мардум муборизаро давом дода истодааст. Агар имрӯз мегӯед, ки Эшони Абдусаттор гуноҳ надорад баргардад, пас Махсуми Абдусаттор, Саидумар ва Муҳаммадалӣ ва дигар аъзои Раёсати олии ҲНИТ ҳам гуноҳ надоранд”.
“Агар мехоҳед мухолифин баргарданд, зиндониёни сиёсиро, чӣ наҳзативу чӣ ғайринаҳзатӣ озод кунед, узр бихоҳед. ҳамон тавре, ки Созмони милали муттаҳид аз шумо талаб дорад ки ҳам озод кунед ва ҳам ҷуброн пардохт кунед, ягон кас дар ин берун нахоҳад истод. Бо вуҷуди эҳтиром ба Олмон, Фаронса, Лаҳистон ва дигар кишварҳо ва озодиҳое, ки инҷо ҳаст, мо ватани худро дӯст медорем” — изҳор кард дар хотима Муҳиддин Кабирӣ.
Навори суханронии раиси ҲНИТ ба зудӣ инҷо нашр хоҳад шуд.