Шаҳрдори Душанбе ба моликони корхонаҳои истиеҳсолӣ шарт гузоштааст, ки ё корхонаҳои харидаашонро ба кор дароранд, ва ё онҳо мусодира мешаванд.
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз моликони корхонаҳои бузурги саноатӣ, ки дар оғози ба истиқлолият расидани кишвар ва замони ҷанги шаҳрвандиву баъд аз он хусусӣ карда шуда буданд талаб кардааст он корхонаҳоро ба роҳ андозанд. Аз моликон дархост шудааст нақшаи фаъолсозии корхонаҳояшонро ба шаҳрдорӣ пешниҳод намоянд.
Дар сурати пешниҳод нашудани нақша дар муддати муайяншуда, ва минбаъд ҳам “ғайримақсаднок истифода бурдани корхонаҳои саноатӣ”, шаҳрдори Душанбе гуфтааст, ки нисбати моликон “чора андешида мешавад”.
Корхонаҳои бузурги саноатии Душанбе асосан аз тарафи мансабдорони вақт ва қумондонҳои ҷанги шаҳрвандӣ хусусӣ шуда буданд. Қисме аз ин корхонаҳо баъдан аз ҷониби наздикони раисҷумҳур, ба хусус Ҳасан Асадуллозода “харида шуданд”.
Коршиносон ба имкони ба кор дароварда шудани ин корхонаҳо ба шубҳа менигаранд. Онҳо мегӯянд аксари таҷҳизоти ин корхонаҳо чун оҳанпора фурӯхта шудаанд ва барои аз нав ба кор даровардани онҳо маблағҳои бузург лозиманд. Ҳатто корхонаҳое ҳам, ки таҷҳизоташонро ҳифз кардаанд, дар гумон аст, ки тавонанд бо моли истеҳсолмекардаашон вориди бозор шуда тавонанд. Чун таҷҳизоташон кӯҳнаву сермасраф аст ва сифати молҳои истеҳсолмекардааш паст.
Корхонаи нассоҷии тоҷик, корхонаи яхдонбарории «Помир», Корхонаи «Тоҷикатлас», Корхонаи консервабарории шаҳри Душанбе, Корхонаи эксваторбарорӣ ва ғайра аз ҷумлаи корхонаҳои бузурги Душанбе ҳастанд, ки баъди хусусишавӣ қисман ё пурра аз кор мондаанд.