Дидори Путин ва Трамп дар Хелсинкӣ, дар расонаҳои русӣ ба унвони гоми ҷиддие дар ростои азсаргирии гуфтугӯҳо дар сатҳи олӣ байни ду кишвар арзёбӣ шуд.
Дидори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар Хелсинкии Финляндия дар расонаҳои русӣ инъикоси густурдае дошт ва коршиносон ва расонаҳои русӣ зимни истиқбол аз ин нишаст, онро ба унвони қадами ҷиддие барои барқарории гуфтугӯҳо дар сатҳи олӣ байни ду кишвар арзёбӣ карданд.
Аксари расонаҳои русӣ ин дидорро мусбат донистаанд вале дар хусуси давом ёфтани ин равобит шубҳаҳоеро низ ҷой додаанд.
Рӯзномаи «Ведомости» зимни таъкид бар ин ки дидорҳои дуҷониба ва дидори байни ҳайъатҳо беш аз чаҳор соат тӯл кашид, сарлавҳаи “Гуфтугӯ дар сатҳи боло аз нав оғоз шуд”-ро барои худ баргузидааст.
Ин рӯзнома ҳамчунин назароти коршиносонро дар ин хусус овардааст, ки “идома ин дидорҳо кафолате надорад”.
Рӯзномаи “Коммерсант” сарлавҳаи “Ихтилофоти сулҳ”- ро барои як гузориши таҳлилии худ интихоб карда, ба ҷой надоштани интишори баёнияи муштарак аз сӯи Путин ва Трамп дар поёни ин нишаст таъкид кардааст. Дар ин таҳлил омадааст, ки Русия дар хусуси Сурия шартҳои худро дорад, ки аз шартҳои Иёлоти муттаҳида фарқ мекунад.
“Независисмая газета” яке дигар аз рӯзномаҳои чопи Русия низ навиштааст, ки “Амрико қасд дорад дар масъалаи Эрон ва Чин Маскавро ба самти худ бикашад”. Ин рӯзнома ҳамчунин таҳлили коршиносонро мабнӣ бар ин ки Трамп мехоҳад Путинро дар ҷанги тиҷоратӣ дар канори худ дошта бошад, дар ихтиёри хонандагони худ қарор додааст.
Рӯзномаи “Известия” дар матлабе ба қалами Эдуард Лузинский навиштааст: “агарчи ҳеҷ кас пешрафти умдаеро интизор надошт, вале ин нишаст муваффақиятомез буд. Дар ин нишаст дар робита бо бисёре аз масоили бунёдии муҳим пешрафтҳое ҳосил шуд”.