Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Даромади 1.5 миллиард долларии Русия аз Ҷоми ҷаҳонӣ

$
0
0

Шаҳрвандони кишварҳои хориҷие, ки барои тамошои бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018 ба Русия сафар карданд, ҳудуди 1.5 миллиард доллар дар ин кишвар ҳазина кардаанд.

Бар асоси пажӯҳиши Сбербанки Русия, шаҳрвандони кишварҳои хориҷие, ки барои тамошои бозиҳои Ҷом ҷаҳонии 2018 ба Русия рафтаанд, ҳудуди 1.5 миллиард доллар дар ин кишвар масраф кардаанд.

Соли гузашта, ҳини бозиҳои Ҷоми конфедератсияҳои 2017, ки дар ин кишвар баргузор шуда буд, хориҷиҳо ҳудуди 700 миллион доллар харҷ карда буданд. Даромад аз маконҳои маҳбуб барои зиёрати шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия низ ҳини анҷоми бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар муқоиса бо соли пеш ҳудуди севуним баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ин пажӯҳиш ҳазинаи билетҳо ва резерви меҳмонхонаҳо ғунҷонида нашудааст.

Тахмин зинда мешавад, ки теъдоди гардишгарони хориҷие, ки аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Сочи, Екатеринбург, Саранск, Ростов, Қазон, Калининград, Самара, Волгоград ва Нижний Новгород ба унвони мизбони бозиҳои Ҷом ҷаҳонии Русия дидан карданд, то 15 дарсад ва гардишгарони дохилӣ низ 20 то 25 дарсад афзоиш ёфтааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>