Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муҳоҷире, ки дар Маскав ғайб зад, дар СИЗО-и Хуҷанд пайдо шуд (Навор)

$
0
0

Абдушукур Ҳакимов, муҳоҷири тоҷикистонии муқими Маскав, ки чанд рӯз қабл аз ин шаҳр тавассути кормандони КДАМ-и Тоҷикистон дуздида шуда буд, дар СИЗО-и Хуҷанд пайдо шудааст.

Абдушукур Ҳакимов, зодаи шаҳри Хуҷанд ки чанд сол аст дар Маскав зиндагӣ мекард, субҳи рӯзи панҷшанбе, 12 июл ба кор меравад ва соати 18.00 аз рақами ӯ ба ҳамсараш се паёмак мерасад, ба ин маънӣ ки ӯро дуздидаанд ва қасд доранд ба Тоҷикистон фиристанд. Ҳамсараш аз қазия Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи башарро огоҳ мекунад.

Баробари расидани ин хабар хоҳари Абдушукур ба фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав рафта ба пулис муроҷиат мекунад. Аммо кормандони пулис ӯро масхара мекунанд. Танҳо баъди навиштани ариза онҳо мегӯянд, ки бародараш дар фурӯдгоҳ аст, ва соати 00:55 ба Тоҷикистон парвоз хоҳад кард.

Тибқи ҳолномаи Абдушукур, ки худаш навиштааст, ӯ соли 2006, баъди хатми мактаб ба Русия рафтааст ва онҷо зиндагӣ мекунад ва танҳо як маротиба дар соли 2012 барои якуним моҳ ба Тоҷикистон омадааст. Ҳамсар ва се фарзанди ӯ шаҳрванди Русия ҳастанд.

Мушкили ӯ, тибқи навиштаи худаш, замоне оғоз шуд, ки панҷ сол қабл ҳамсинфаш Бахтиёр Маҳкамов бо иттиҳоми ширкат дар гурӯҳи террористӣ боздошт ва ба зиндон маҳкум гашт. Абдушукур мегӯяд ҳеҷ иртиботе баъди хатми мактаб бо Бахтиёр надошт, вале баъди боздошти ӯ кормандони КДАМ аз падару модари Абдушукур талаб мекарданд, ки ӯро ба Тоҷикистон баргардонад.

Дертар худи кормандони КДАМ ба Абдушукур мустақиман занг зада талаб мекарданд, ки ба Тоҷикистон баргардад ва ба суолҳои онҳо посух гӯяд. Абдушукур мегӯяд ҳатто боре падаршро барои 5 рӯз боздошт ва шиканҷа кардаанд, ки дар натиҷа ӯ ба сактаи қалбӣ мувоҷеҳ шудааст. Осори латукӯб ва сактаи шавҳарашро дида, модари Абдушукур ҳам сактаи сабуки қалбӣ бардоштааст.

Кормандони КДАМ Тоҷикистон борҳо ба ӯ таҳдид кардаанд, ки агар ба ихтиёри худаш барнагардад, бо ҳар роҳе худашон бармегардонанд. Ва ниҳоят 12 июл ӯро дуздидаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>