Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сухани вопасини модари Эшони Абдусаттор: розӣ нестам, ки бо сари хам ба кишвар баргардӣ (Навор)

$
0
0

Эшони Абдусаттор (Абдусаттор Бобоев), узви Раёсати олии ҲНИТ, ки Ҳамоиши тоҷикон дар Дортмундро барандагӣ мекард, навори ахири мақомоти Тоҷикистон дар бораи марги модарашро шарҳ дод.

Мақомоти Тоҷикистон бо истифода аз Оятуллоҳ Гиляев, собиқ узви Грӯҳи 24 бо тахаллуси “Фирорӣ” ду навор аз наздикони Абдусаттор Бобоевро пахш карданд, ки дар он хешовандону бародараш аз ӯ мехоҳанд ба кишвар баргардад. Дар яке аз ин наворҳо, ки Гиляев барандагӣ мекунад, мегӯяд модари Эшон аз ӯ норозӣ аз дунё рафтааст.

Аммо Эшони Абдусаттор дар баромадаш ин иддаоро рад кард ва гуфт “ду моҳи охири ҳаёти модарам, ҳамроҳаш будам. Аз ӯ танҳо замоне ҷудо шудам, ки табибон гуфтанд чанд рӯзе аз умраш боқӣ мондааст. Модарам комилан аз ман розӣ буд ва инро нафарони зиёде метавонанд тасдиқ кунанд”.

Дар бораи ширкаташ дар ҷанозаи модар гуфт: “Ман имкони рафтан ба ҷанозаи модарро надоштам, чун аз дасти шумо ҳеҷ кас дар амн набуд”.

Дар мавриди ризоияти модараш аз ӯ Абдусаттор Бобоев гуфт: Модарам ба ман гуфта буд, ки тамоми ризоиятро ба ту додам. Ва ҳамчунин гуфт “ман ҳаргиз розӣ нестам, ки ту бо сари хам ба ватан баргардӣ”.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>