Сайфулло Сафаров муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон иддао кард сулҳи Тоҷикистон аз соли 2015, пас аз қатъ шудани фаъолияти ХНИТ дар Тоҷикистон оғоз шуд.
Дар мизи гирди «Нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар раванди сулҳсозӣ» ки аз ҷониби Фонди ҷамъиятии Гуфтугуйи тамаддунҳо дар меҳмонхонаи «Шератон» ташкил шуда буд, Сафароф зимни суханрониаш таърихи оғози сулҳро ба 21 сол ақаб овард..
«Мо сулҳи воқеии Точикистонро аз соли 1997 эьтироф кардаем, аммо ба фикри ман сулҳи тоҷикон аз соли 2015, аз замони қатъи фаъолияти ҲНИТ, ҳизби террористиву экстримистӣ оғоз шуд. Инро бояд иқрор кунем, зеро намояндагони ин ҳизб дар дохили давлати мо, ҳатто дохили вазорати мудофиъа ҷойгир шуда, амалҳои мақсадноки худро пиёда карданӣ буданд», — гуфт Сафаров.
Мизи мудаввари «Нақши якҷояи давлатҳои ОМ ва Япония дар раванди сулҳсозӣ» бо ташаббуси фонди Гуфтугуйи тамаддунҳо ва дастгирии Сафорати Япония дар Тоҷикистон имрӯз, 19 июл баргузор гардид. Дар он сафири Чопон лар Тоҷикистон Хаҷимэ Китаока, иҷрокунандаи вазифаи сафиии Полша дар Тоҷикистон Томас Коллат, роҳбари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ян Харфст ва коршиносону сиёсатмадорон ширкат варзиданд.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам иддао карда буд ҳеҷ созишномае бо ҲНИТ имзо накардааст.