Се созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар зимни як нома ба раҳбари дипломатии Иттиҳоди Аврупо Федирика Могерини аз ӯ хостаанд бори дигар ба қазияи нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кунад ва ба мақомоти ин кишвар фишори бештар оварад.
Фридом Нау, Хюман Райз Вотч ва Кумитаи Хелсинки дар як номаи муфассал мавзӯъи нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро баррасӣ намуда хосторӣ фишори Иттиҳоди аврупо ба Тоҷикистон шудаанд.
Дар ин нома гуфта мешавад аз соли 2014 ба ин ҷониб мақомоти Тоҷикистон саркӯби густардаро роҳандозӣ кардаанд, то мухолифини осоиштаи сиёсиро саркӯб ва беэътибор гардонанд.
Дар мактуб аз қазияи баста ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ, зиндониёни ин ҳизб, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳаит ва Раҳматуллои Раҷаб ва дигарон ёд шуда, гуфта шудааст, бидуни далелҳои қонеъкунандае ба солҳои тӯлонии зиндон мақкум шудаанд.
Ин се созмон ҳамчунин аз боздошти Зайд Саидов ва вакилони дифоъ Шуҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёрова, Ҷамшеда Ёров, Нуриддин Маҳкамов и Дилбар Додохонов, ҳамчунин Фирӯз ва Далер Табарова, фарзандони Исҳоқа Табаров ва бозпурсии вакилони дигар, аз ҷумла Файзинисо Воҳидова ёд карда, дар бораи боздошти Хайрулло Мирсаидов низ гузориш додаанд.
Ҳамчунин дар мактуб аз кӯшишҳои мақомоти Тоҷикистон барои боздошт ва истирдоди мухолифин дар Русия, Туркия, Белорус, Молдова ва Юнон бо истифода аз Интерпол навишта, зикр кардаанд, ки баъзе аз кӯшишҳои мақомоти тоҷик муваффақ будаанд. Аз ҷумла дар рабудани Мақсуд Иброҳимов.
Созмонҳои ҳуқуқи башар қайд кардаанд, Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014 то 2020 кӯмаки 251 миллион евроӣ пешбинӣ кардааст, ки барои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва хоҷагии деҳот равона мегардад. Чун саввумин шарики тиҷории Тоҷикистон, дастгирии иқтисодии Иттиҳоди Аврупо нақши калидӣ дорад. Ин равобит замоне амиқтар хоҳад шуд, ки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷиикистон мавқеъи GSP+ қоил шавад (Мавқеъи умумии соддакардашуда, ки дар сурати даст ёфтан ба он, тарофаҳои гумрукӣ барои молҳои аврупоӣ поён мераванд).
Фридом Нау, Хюман Райз Вотч ва Кумитаи Хелсинки гуфтаанд Брюссел бояд аз Душанбе талаб кунад, барои дарёфти ин мавқеъ стандартҳои асосии ҳуқуқи инсонро риоя ва роҳандозӣ намояд. Душанбе бояд дарк кунад, то замоне ки ҳуқуқҳои поймолшудаи нафаронеро, ки беасос ба зиндон маҳкум кардааст барқарор накунад, ба мавқеъи GSP+ даст нахоҳад ёфт.
Созмонҳои ҳуқуқи башар гуфтаанд ҳукумати Тоҷикистон то ҳол ба нақзи ҳуқуқи маҳбусини сиёсӣ идома медиҳад. Аз ҷумла моҳи сентябри соли 2017 Бузургмеҳр Ёров аз тарафи нигаҳбонони маҳбас сахт латукӯб шуд ва дар пайи он то ҳол дар роҳгардӣ мушкил дорад. Зюйд Саидови маъюб ва дорои бемории узвҳои ҳозима дар ҳуҷраи низомаш шадид нигаҳдорӣ мешавад ва ҳар ду соат мавриди тафтиши нигаҳбонон қарор мегирад. Ҳамчунин ӯ ба доруву дармони зарурӣ дастрасӣ надорад. Маҳмадалӣ Ҳаит, ки ҷигар ва гурдаҳояш бемор ҳастанд дар вохӯрӣ бо вакилон ва хонаводааш ва дастрасӣ ба доруву дармон мушкилӣ дорад.
Ин се созмони ҳуқуқи башар аз Иттиҳоди Аврупо даъват кардаанд гомҳои иловагие барои водор кардани ҳукумати Тоҷикистон ба риояи ҳуқуқи инсон бардорад. Аз ҷумла:
Кӯшиши бештаре барои озодии Ёров, Ҳаит, Саидов ва дигар маҳбусон, ки бо сабабҳои сиёсӣ зиндон шудаанд, ба харҷ диҳад;
Ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оварад, то ба муносибати ғайриинсонона ба маҳбусон хотима диҳад ва гунаҳкорони чунин муносиботро муҷозот кунад;
Аз ҳукумати Тоҷикистон кафолати инро, ки Ёров, Ҳаит, Саидов ва дигар маҳбусони сиёсӣ дастрасии билофосила ба кӯмаки тиббӣ, дору ва хӯроки зарурӣ пайдо мекунанд, талаб созад;
Ба ҳукумати Тоҷикистон барои дидор бо Ёров, Ҳаит, Саидов ва дигар маҳбусони сиёсӣ муроҷиъат намояд;
Аз ҳукумати Тоҷииктсон талаб кунад фишор болои наздикони маҳбусони сиёсиро қатъ кунад;
Ҳама гуна гуфтугӯҳо барои дастрасӣ пайдо кардани Тоҷикистонро ба мавқеъи GSP+ то замони озод сохтани тамоми маҳбусони сиёсӣ қатъ кунад;
Сафари онҳое, ки дар нақзи ҳуқуқи инсон ва шиканҷа даст доранд мамнӯъ ва ҳисобҳои бонкии онҳоро масдуд созад;
Ҳама гуна беҳбудӣ равобити тиҷорӣ бо Тоҷикистонро ба шарти риояи ҳуқуқи инсон бастагӣ диҳад.