Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа овозаи нафақаи даҳҳазории Ҳукумовро рад кард. Маълум гардид Амонулло Ҳукумов, собиқ роҳбари Роҳи оҳани Тоҷикистон на 10 ҳазор сомонӣ, балки ҳамагӣ 7500 сомонӣ нафақа мегирад.
Муовини аввали раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Назокат Одиназода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, Амонулло Ҳукумов 6200 сомонӣ нафақа мегирад. Ҳамчунин собиқ роҳбари Роҳи оҳан бинобар доштани мукофоти давлатӣ 20 дарсад иловапулӣ дарёфт мекунад ва ба ин тартиб наздик ба ҳафтуним ҳазор сомонӣ нафақа дорад.
Тибқи гуфтаи Одиназода, Наталя Назаршоева, собиқ роҳбари «Тоҷиксодиротбонк» 15 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад. Муовини аввали раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа овозаҳо дар бораи ғайриқонунӣ будани нафақаи ин ду нафарро рад кард ва гуфт ҳаҷми нафақаи онҳо дақиқ ҳисоб шуда, аз рӯи ҳаҷми маошашон муайян шудааст.
Амонулло Ҳукумов солҳо раҳбарии Роҳи оҳани Тоҷикистонро ба дӯш дошт ва ҳоло дар Ҷумҳурии Чех зиндагӣ мекунад. Чанде қабл як таҳқиқоти журналистии байналмиллалӣ муайян кард, ки ӯ дар ду сол барои хариди хонаву қаср дар ин кишвар наздик ба 11 миллион доллар масраф кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон ба ин қазия таваҷҷӯҳе накарданд. Худи Ҳукумов ҳам шарҳ надод ин қадар маблағро аз куҷо пайдо кардааст.