Вазорати молия эълон кард ваъдаи раисҷумҳур иҷро мешавад ва моҳонаи кормандони соҳаҳои буҷавӣ, нафақа ва кӯмакпулии донишҷӯён 1-уми сентябри соли ҷорӣ аз 10 то 20 дарсад боло хоҳад рафт.
Дар ин бора вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотиаш эълон кард. Ӯ гуфт, ваъдае, ки моҳи декабри соли гузашта раисҷумҳур дар паёмаш ба парлумони кишвар дода буд, иҷро хоҳад шуд.
Ӯ қайд кард моҳонаи кормандони соҳаҳои интизомӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбиён 10 дарсад ва моҳонаи дигар соҳаҳои буҷавӣ 15 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Охирин маротиба моҳонаи кормандони соҳаҳои буҷавӣ моҳи июли соли 2016 боло бурда шуда буд. Аз он замон пули милии Тоҷикистон — сомонӣ ҳудуди 20 дарсади қурби худро аз даст дод. Яъне ҳатто баъди 15 дарсад боло рафтани моҳона, кормандони соҳаҳои буҷавӣ ва нафақахӯрон назар ба соли 2016 5-10 дарсад камтар даромад хоҳанд дошт.
Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд моҳи сентябри соли 2017 низ моҳонаву нафақаро боло барад, аммо дертар Вазорати молия эълон кард давлат имкони ин корро надорад.
Аз замони ба истиқлол раиданаш, Тоҷикистон дар ҳаҷми моҳона бидуни истисно дар ҷои охир байни кишварҳои собиқи шӯравӣ қарор дорад. ҳади миёнаи моҳона дар Тоҷикистон 127 долларро ташкил медиҳад, ки аз Қазоқистону белорус 3 маротиба ва аз Озарбойҷону Молдова 2 баробар камтар аст. Ин фарқ байни Тоҷикистону Русия наздик ба 5 баробар аст.
Камтарин моҳонаро дар собиқ Шӯравӣ баъди Тоҷикитсон сокинони Қирғизистон мегиранд, ки 216 долларро ташкил медиҳад ва аз Тоҷикистон 1,5 баробар бештар аст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон дар сатҳи пасти зиндагӣ ҷанги шаҳрвандиро гунаҳкор мекарданд, аммо чанд соли охир ин айбро ба дӯши “бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ” мепартоянд.