Нашрияи маъруфи олмонии “Шпигел” таҳлиле дар бораи ҳодисаи қатли сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон нашр кардааст.
Паём тарҷумаи онро пешкаши хонандагон мекунад.
Бо дучарха ба тамоми дунё сафар кардан — ин буд орзуи Lauren Geoghegan ва Jay Austin саёхони амрикоӣ аз шахри Вашигтон. Муддати як сол буд, ки онҳо бо дучарха дар сафар буданд. Аз Африқо то ба Аврупо савори дучарха саёҳат мекарданд.
Аммо рузи якшанбе 29.07.2018. орзуяшон дар Тоҷикистон барои ҳамеша нотамом боқиӣ монд. Ин ду саёҳи амрикоӣ, ки аз шаҳри Кӯлоб ба самти пойтахти ин кишвар ҳаракат доштанд, ҳамроҳи 5 нафар сайёҳони хориҷии дигар, ҳадафи ҳамлаи террористи қарор гирифтанд. Худраве бо суръати баланд онҳоро пахш кард ва ҷинояткорон аз худрав фаромада, бо корд ба онҳо ҳамла намуданд, ки дар натиҷа, Lauren Geoghegan ва Jay Austin ҳамроҳ бо ду сайёҳи дигар аз Ҳоланд ва Шветсария ҷони худро аз даст доданд.. Як шаҳрванди Ҳоланд ва як шаҳрванди Швейцария маҷруҳ шуданд, ва ягона нафаре, ки осеб надид дар ин ҳамла, сайёҳи фаронсавӣ мебошад.
Омилҳои асосии ин ҳамла ба сайёҳони хоричӣ, то ҳол дақиқ нест. Қурбониҳои ҳодисаи мазкур чандсад метр дуртар аз макони воқеа дар руи роҳ хобида буданд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамлагарон накшаи ин ходисаи мудҳишро қаблан тарҳрезӣ карда буданд.
Кормандони полис дар ҷойи ҳодиса 4 нафари ҷинояткоронро ба қатл расонданд. Чанд соат пас аз ҳодиса панҷ нафар гумонбари дигарро дастгир карданд.
ҶИНОЯТКОРОН БО ДОИШ АЛОҚА ДОШТАНД
Чунин як ҳодисаи терористӣ дар Тоҷикистон бори аввал аст, ки рух медиҳад ва ДОИШ ҳам бори аввал аст, ки масъулияти ингуна ҳодисаро ба дӯш мегирад. Шабакаи «Аъмоқ» — як шабакаи хабарии ДОИШ навореро пахш кард, ки дар он панҷ ҷавон дар зери дарахте нишаста ва дар пушташон парчами ДОИШ овезон аст. Ин ҷавонон бо номи раҳбари ДОИШ Абубакр Бағдоди қасам ёдкарда, ба ҳукумати Тоҷикистон таҷдидҳое мекунанд.
Худи ҳамин навор далели онаст, ки ҷинояткорон пеш аз анҷом додани ин ходисаи терористӣ бо ДОИШ алоқаи мустаким доштанд. Дар акси сурат ДОИШ баъди рух додани ҳодиса ин наворро аз тариқи шабакаи «Аъмоқ» нашр намекард.
Ин ҳодиса бо ҳодисае, ки дар Берлин дар майдони Брайтшайдплатст [Breitscheidplatz], (ончо ҳар сол «Бозори солинавӣ» мегузарад) Анис Амрӣ анҷом дода буд, бисёр шабоҳат дорад.
Анис Амрӣ ҳам пеш аз анҷом додани ҳодисаи терористӣ ба ДОИШ наворе равон карда буд. Чунин ба назар мерасад, ки режими Тоҷикистон, ки дар пойтахт ш. Душанбе қарор дорад, ин ҳодисаро ба ДОИШ рабте намедиҳад ва аслан дар ин мавзу чизе донистан ҳам намехоҳад.
Ин ҳукумат, ки аз соли 1994 ин ҷониб бо рахбарии Эмомали Раҳмон ҳукмронии баду номуваффақе дорад, бар ивази ин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро барои ин ҳодиса гунаҳкор медонад.
Ин ҳизб аз соли 1997, баъди анҷом ёфтани ҷанги шахрвандии Тоҷикистон иҷозаи фаолияткарданро ба даст овард. Ин ягона ҳаракати исломие буд, ки дар замони шуравӣ фаолият мекард. Дар интихоботи парлумонии солҳои 2005 ва 2010, ки ҳукумат натиҷаи интихоботро ба фоидаи худ анҷомонид, ҳамагӣ ҳашт фоиз овозро ба даст овард, ки аз 63 курсӣ соҳиби 2 курсӣ дар парлумон шуд. Ин ҳизб қавитарин Ҳизби мухолиф дар парлумон баҳисоб мерафт.
НАМОИШҲОИ ИҚРОРШАВӢ ДАР ТВ ДАВЛАТӢ
Ҳамин тариқ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ин ҳизб сохиби 1,6 дарсад овоз гардид ва ин сабаб шуд, ки палумонро тарк кунад. Худи хамон сол Роҳбари давлат Эмомалӣ Рахмон фаъолияти ин ҳизбро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон кард.
Режим ин ҳизби опозитсиюнро бо он муттаҳам мекард, ки гуё ба анҷом додани ҳодисаи терористие дар Душанбе мехостанд, ҳукуматро бигиранд. Кумитаи Амният зиёда аз 12 нафар узви боломақоми ин ҳизбро равонаи махбас кард. Инчунин зиёда аз 150 нафар аъзои катории ин ҳизбро ба зиндон фиристод.
Дар он замон бештари дастгиршудагон дар ТВ — и давлатӣ намоиш дода мешуд, ки бо ҷиноятҳои сохта алайҳашон иттиҳом мезаданд.
Чун ҳамеша, шоми рӯзи сешанбе дар ТВ — и давлатӣ филме пахш карда шуд, ки 5 нафари дастгиршуда нишон медоданд, ки чигуна нақшаҳои бад кашида буданд. Аз хама бадаш ин буд, ки ҷавоне рӯбарӯи дурбин (камера) ҳарф мезад, дар холе, ки дар чеҳрааш изи латукӯб дида мешуд. Он ҷавон Ҳусен Абдусамадов муаррифи мешуд ва бо чашми кабуди латхӯрдааш дар рӯбарӯи камера сухан мегуфт.
Ин ҷавон мегӯяд, ки дар Ирон, дар як макони омӯзишгоҳи терористӣ таълим гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки вазорати хориҷаи Эрон ин иддаоро рад кард.
Инчунин қисми раёсати олии ҲНИТ, ки дар хориҷ аз давлат паноҳ бурдаанд, ҳар як иддаои ҳукаматро нисбаташон рад мекунанд.
Режими Раҳмон мехоҳад аз ин ҳодисаи террористӣ сӯистифода карда, ин ҳизбро гунаҳкор эълон кунад, то бештар ин ҳизбро таъқиб карда тавонад.
МУБОРИЗАИ ШАДИД АЛАЙҲИ МУСАЛМОНОН
Мусаллам аст, ки исломгароёни ситезаҷӯ дар Тоҷикистон тақозои зиёде доранд. Ин идеология зиёда аз 30 сол қабл, замони ҷанги шаҳрвандӣ дар давлати ҳамсоя — Афғонистон алакай шурӯъ шуда буд ва ҳамин тариқ идеологияи салафӣ ҳам ба Тоҷикистон омада расид.
Режим бар зидди дин хеле муборизаи шадид мебарад: дар соли 2015 ҳукумат гузоштани ришро дар ноҳияҳои зиёди кишвар манъ кард. Зиёда аз 160 дӯкони ҳиҷобфурӯширо баст. Як сол баъд гузоштани номҳои арабиро барои кӯдакон мамнӯъ эълон кард. Худи ҳамон сол охирин мадрасаи қуръономӯзиро ҳам баст. Ҳ
амчунин Режим зиёда аз 3000 ҷавононеро, ки дар давлатҳои хориҷӣ, назири Покистон, Миср таълимоти динӣ мегирифтанд, мачбуран ба ватан баргардонд. Ҳудуди 3700 масҷид дар Тоҷикистон ба шакли хеле ҷидди зери назорати кормандони амният мебошанд. Муаззинҳо иҷозаи азон гуфтан бо баландгӯякро надоранд.
Режим матни хутбаи намози ҷумъаро худ омода карда, ба хатибони масоҷид медиҳад. Занҳо ва ҷавонони зери синни 18 сола ҳуқуқи ба масҷид рафтанро ҳаргиз надоранд. Шаҳрвандони зери синни 40 иҷозаи адои ҳаҷро надоранд.
ШОНСҲОИ ДОИШ ЗИЁД МЕШАВАД
Бо чунин муборизаи шадид алайҳи диндорон наметавон садди роҳи ифротгароиро гирифт, балки ин раванд сафи ҷавони тундравро бештар мекунад. Зиёда аз 2000 ҷавони тоҷик дар чанд соли гузашта ба сафи ДОИШ дар Ироқу Сурия пайвастааст. Танҳо дар соли 2016 дар онҷо 27 ҷавони тоҷик аз номи ДОИШ худро интиҳор карданд. Дар ҳамон вакт аз ягон давлати дигар интиҳориҳо чунин зиёд набуданд.