Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Террори сурхи пайравони ГКЧП дар Тоҷикистон

$
0
0

Оқибатҳои хунбори 19 августи соли 1991 — террори сурх ва бозгашти пайравони КДҲВ (ГКЧП) дар Тоҷикистон. 27 сол аз 19 августи соли 1991. Балети “Кӯли қуҳо” дар шабакаи марказии шӯравӣ ба ҷои ҳама барномаҳо. Тонкҳо дар кӯчаҳои Маскав. Дастон ва лабони ларзони аъзои КДҲВ назди рӯзноманигорони рус ва хориҷӣ дар нишасти матбуотӣ. Аъзои КДҲВ ҷуръат надоранд эътироф кунанд, ки тасмими табаддулоти давлатӣ ва барканории раисҷумҳур Михаил Горбачёвро гирифта буданд, то аз баимзорасии Шартномаи нави Иттиҳод, ки ба ҷумҳуриҳои шӯравӣ мустақилияти бузурге медод, пешгирӣ кунанд.

Дар натиҷа, нухбагони коммунисти номенклатураҳои ҷумҳуриявӣ аз беҳокимиятӣ ва нотавонии марказ барои ислоҳот истифода бурда, эълони соҳибихтиёрӣ бо ҳақи хориҷ шудан аз СССР намуданд. Русия соҳибихтиёриашро барвақттар — ҳанӯз 12 июн эълон кард. Вале аввалин шуда эъломияи истиқлолиятро се ҷумҳурии соҳили Балтик қабул карданд.

Номенклатураи коммунистии тоҷик ва вакилони Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ то 9-уми сентябр намехостанд Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро имзо кунанд. Онҳо 9 сентябри соли 1991 зери фишори тазоҳуроти дарозмуддат ва бетанаффуси тарафдорони нерӯҳои ислоҳотхоҳ — Ҳаракати миллии Растохез, Ҳизби демократ, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳаракати Лаъли Бадахшон, маҷбур ба имзо ва қабули Эъломия дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон шуданд. Рӯзҳое, ки тазоҳурот ҷараён дошт вакилони Шӯрои Олии СССР Анатолий Собчак бо ёрдамчияш Владимир Путин, Николай Травкин ва дигарон аз Душанбе дидан карданд.

Баъди кандани ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе, номенклатураи комунистии ҶШС Тоҷикистон ба мубориза барои нигоҳдории қудрат оғоз кард. Собиқ Котиби 1-уми КМ Ҳизби коммунисти ҶШС Тоҷикистон раҳмон Набиев, ки охири соли 1991 раисҷумҳур шуда буд, баҳори соли 1992 ба тарафдорони коммунистгарои худ дар собиқ майдони Ленин мусалсал (автомат) тақсим кард ва ба хунрезиву ҷанги шаҳрвандӣ оғоз бахшид. Ба нишони эътироз ба ин қарори раисҷумҳур Набиев, қумондони Горди президентӣ Баҳром Раҳмонов эълон кард ин горд ба ҷониби нерӯҳои ислоҳотхоҳ мегузарад.

Зери раҳбарии пешвои номенклатураи коммунистӣ Эмомалӣ Раҳмонов, бо такя ба авбошону раҳбарони ҷиноӣ ва силоҳҳое, ки аз Набиев ба даст оварда буданд, тарафдорони тоҷики ГКЧП то охири соли 1992 зери парчами сурх барои “барқарории сохти конститутсионии” шӯравӣ алайҳи нерӯҳои ислоҳотхоҳ ҷангиданд.

10 декабри соли 1992 номенклатураи коммунистӣ пирӯзии навбатиро ба муносибати ба Душанбе ворид шудани қатори мошинҳои ҷангӣ зери ду парчам — парчами сурхи шӯравӣ ва парчами нави миллии Тоҷикистон ҷашн мегирифт. Мошинҳои ҷангиро ҳамроҳ бо сарнишинонаш аз ҷумла собиқ котиби аввали КМ Ҳизби комунисти ҶШС Ӯзбекистон Ислом Каримов тақдим карда буд.

10 декабри соли 1992 оғози марҳилаи нави террори сурх дар Тоҷикистон аст, ки аз моҳи майи соли 1992 то июни 1997 ҷони аз 150 то 200 ҳазор нафарро рабуд.

Қабл аз ворид шудан ба Душанбе, дар сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, собиқ раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, яке аз раҳбарони Фронти коммунистгарои халқӣ, (ҳамдаст ва нафари наздики раисҷумҳури қобилияти қарорқабулкуниро аздастдода Раҳмон Набиев) Сафаралӣ Кенҷаев дар пахши мустақими телевизионӣ аз толори маҷлис эълон кард, ки “Фронти халқӣ вилояти Қӯрғонтеппаро аз 800 ҳазор ваҳҳобӣ тоза кард”.

Рӯзҳое, ки сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷараён дошт, ва баъди ворид шудани нерӯҳои коммунистгарои ФХ ба Душанбе, беш аз як миллион тарафдорон ва наздикони онҳое, ки барои қабули Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон талош мекарданд, бо фирор ба хориҷ ва навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон, дар талоши наҷоти ҷони худ буданд.  

Дар ҷануби Тоҷикистон — вилояти Қурғонтеппа на камтар аз 100 ҳазор инсон зери тирборон аз ҳама намудҳои силоҳ, аз ҷумла тонкҳо, мекӯшиданд бо гузаштан аз оби хунуки дарёи сарҳадии Панҷ бо занону кӯдакони хурдсол ба Афғонистон, аз марг наҷот ёбанд.  

Онҳое, ки натавонистанд фирор кунанд, аз тарафи ҷангиёни ФХ, аз ҷумла бо ҷамъ кардан дар варзишгоҳи маркази ноҳияи Панҷ, парронда шуданд.

 

Муборизони “барқарории сохти конститутсионӣ” дар сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ бо барканоркунии маҷбурии раисҷумҳур Набиев, ки гӯё ҳимояташ мекарданд, бекоркунии мансаби президентӣ бидуни раъйпурсӣ ва додани ҳокимият ба раиси нави ШО Эмомалӣ Раҳмонов, табаддулоти давлатӣ анҷом доданд.  

Соли 1994 дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ ва адами ширкати беш аз миллион интихобкунанда, ки дар кишварҳои дигар гуреза шуда буданд, коммунист Эмомалӣ Раҳмонов бо як дастур мансаби президентиро баргардонд ва дар натиҷаи интихоботи ғайришаффоф зери милҳои мусалсал, худро президент эълон кард.  

Тарафдори ГКЧП, ки алайҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон овоз дода буд ва 24 сол аст “бо роҳи демократӣ” раисҷумҳур “интихоб мешавад”, худро Пешвои миллат ва Ҷаноби олӣ эълон кард ва барои ба мерос додани қудрат дар соли 2020 омода мешавад.

Давоми солҳое, ки ҷумҳурии шӯравӣ ба кишвари истибдодӣ ва салтанатӣ табдил мешуд, Тоҷикистон ба чаҳоргонаи қашшоқтарин кишварҳои ҷаҳон ворид гашт. Тоҷикистонро садҳо ҳазор мутахасис тарк гуфтанд, на камтар аз ҳазор радикал, ки дар шароити таъқиби густардаи мухолифин ва дигарандешон аз тарафи Раҳмонов падид омада буданд, ба ДОИШ пайвастанд.   

Даҳҳо нашрия баста шуд, рӯзноманигорон, табибон ва адвокатҳо дар зиндонанд. Бо ҳукмҳои тӯлонӣ, аз ҷумла якумрӣ, садҳо асирони сиёсӣ ба зиндонҳо партофта шудаанд. Байни онҳо нафаронеанд, ки 9-уми сентябри соли 1991 дар майдони Ленин истода истиқлолияти Тоҷикистонро талаб мекарданд — ноиби раҳбари Растохез, баъдан ноиби раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит ва инчунин тарафдорони ислоҳот — раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров, поягузори ҳизби “Тоҷикистони нав” соҳибкор Зайд Саидов, вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва бисёре дигарон.  

Темур Варқӣ


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>