Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бизнеси бузурги Сабурӣ ва Раҳимзода ё норасоии шадиди пул дар буҷа? (Навор)

$
0
0

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст сар аз 1-уми сентябр нархи симкортҳоро то 250 сомонӣ  боло барад. Ин тасмим гӯё бо талаби Вазорати корҳои дохила ва ба хотири амният гирифта шудааст.

Аммо иқдомҳои қаблии “амниятии” Бег Сабурӣ нишон доданд, ки “амният”-е, ки ин қудои раисҷумҳур мегӯяд, танҳо амнияти кисаи худаш аст. Ӯ барои ин “амният” соҳаи мухобиротии Тоҷикистонро, ки яке аз пешрафтатаринҳо дар собиқ Шӯравӣ буд, ба қафомондатарин табдил дод.

Сабурӣ системаи алоқаи кишварро пурра инҳисорӣ кардааст ва аз ҳар занги телефонӣ дар Тоҷикистон ва аз ҳар мегабайти интернет даромад мегирад. Ба хотири фоидаи шахсиаш ӯ ба зангҳои хориҷӣ “андоз” баст, воситаи арзони алоқа — NGN-ро бмасдуд кард, воридоти интернет ба Тоҷикистонро пурра монополия кард, ба ҳар симкорт 80 дирам “ҳақ”-и худро гузошт, фурӯши симкортҳоро пурра ба ихитиёри худаш даровард, воридоти васоити алоқаи электронӣ ва телефонҳои дастиро зери назораташ гирифт.

“Ҳақ”-и 80 дирамии Сабурӣ аз ҳар симкорт баробар ба 5 миллион сомонӣ дар моҳ ва 60 миллион дар сол аст. Аз воридоти интернет ба Тоҷикистону фурӯши он ба ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон ӯ ҳади ақал 10 миллион доллар солона даромад мегирад. Зангҳои хориҷӣ аз/ба Тоҷикистон низ ба ӯ даромади ҳангуфте меоранд. Даромадҳои “майда чуйда”-и ӯ аз қабили фурӯши симкортҳо, иҷозатномаи фурӯши васоити алоқаи электронӣ ва телефонҳои дастиро канор мегузорем.

Дар ҷустуҷӯи шарикбизнес

Ҳамаи ин даромадҳое, ки Бег Сабурӣ мегирад, ӯро қонеъ накарданд ва инак тасмим гирифтааст бори дигар даст ба кисаи мардум занад. Агар қаблан Сабурӣ тасмимҳояшро бидуни мувофиқат ба кадом ниҳоди давлатие мегирифт, ин дафъа онро бо Вазорати корҳои дохила мувофиқат кардааст. Ва ҳатто гӯё ин иқдоми ВКД аст, на Хадамоти алоқа.

Сабаби пои ВКД-ро ба майдон кашидану шарики бизнеси худ кардани Сабурӣ бо гумони ғолиб ин аст, ки иқдоми қаблии ӯ мабнӣ бар бастани паёмакрсонҳо (мессенҷерҳо) номуваффақ анҷомид. Эътирози густардаи мардум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукуматро (аниқтараш писари раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалиро) водор кард ба қазия дахолат ва қарори Бег Сабуриро бекор созад. Аз тарафи дигар, ҳатто агар Бег Сабурӣ воқеъан хост барои нафъи мардум коре анҷом диҳад, дигар касе ба ӯ эътимод надорад ва ҳама дар ҳар иқдомаш танҳо манфиъатхоҳии шахсӣ мебинанд.  

Даъвоҳои Сабурӣ оиди амнияти давлатиро ҳам дигар касе бовар намекунад, чун ин кор дар салоҳияти ӯ нест. Бинобар ин барои роҳандозии бизнеси навбатӣ оид ба ғорат кардани кисаи бе ин ҳам тиҳии мардум, барои Сабурӣ шарик лозим буд. Шарике, ки барои даъвои амният ҳади ақал салоҳият дошта бошад. Ин буд, ки ӯ ВКД-ро интихоб кард. Айнан дар ҳамин марҳала, ки Сабурӣ бизнес-гуфтушунидро бо Раҳимзода ба анҷом расонид, ё мерасонид, ҳодисаи Данғара иттифоқ афтод.

Дигар чӣ ҳодисае метавонад ин қадар баҳонаи хубе барои роҳандозии тиҷорати нав бошад? Фоидае ҳам, ки ин ду шарикбизнес дар назар гирифтаанд, ҳар ҳодисаеро тавҷеҳ мекунад.

Амният чун бизнес

Нуктаи муҳими эълони нархи нави симкортҳо ба хотири амният ин аст, ки зеҳни мардум ба қазияи Данғара машғул аст ва то ҷое ҳатто аз он тарсидааст.  Тарси мардум мавқеъияти хубе барои ситонидани пулҳояш аст. “Магар шумо ҳозир нестед барои эмин мондан аз террористон ҳамагӣ 250 сомонӣ пардохт кунед?”

Вазорати корҳои дохила ва Хадамоти алоқа мардумро бовар кунониданианд, ки тасмими боло бурдани нархи симкортҳо танҳо ва танҳо ба хотири амнияти давлату мардум гирифта шудааст. Суоли аввале, ки пайдо мешавад ин аст, ки агар ин ду ниҳод мехостанд мардум тез-тез симкортҳояшро иваз накунад, магар роҳи дигаре ҷуз боло бурдани нархи он ва таккондани кисаҳои бе ин ҳам холии мардум вуҷуд надошт? Масалан манъи фурӯши беш аз ду симкорт ба як нафар ва таъини ҷазо барои ба истифодаи дигарон додани он. Аз қазо ин ҷазоро мехоҳанд таъин кунанд, ки ба он поёнтар бармегардем.

Баъдан, гарон кардани қимати симкорт магар пеши роҳи террористонро гирифта метавонад? Нафаре, ки озодӣ ва ҳатто ҷонашро дар гарав гузоштааст, магар ба хотири 25 доллар аз кораш даст мекашад?

Роҳҳои зиёди истифодаи симкортҳо ҳам, аз ҷумла симкортҳои кишварҳои ҳамсоя, истифодаи роуминг ва ғайра вуҷуд доранд.

Дурӯғҳои мақомот

Аммо ин ду ниҳод нохоста сири дурӯғи худро ифшо мекунанд:

1. Тибқи қарори Бег Сабурӣ, дар сурати 90 рӯз фаъол набудани симкорт, Хадамоти алоқа онро беэътибор месозад. Ва соҳиби он маҷбур ба хариди симкорти нав мешавад. Суоле ба миён меояд, ки чаро ин тасмим баъди ё якҷоя бо баланд бурдани нархи симкортҳо гирифта шудааст? Посух ҳам сода аст — то ҳарчӣ бештар нафарон маҷбур ба харидани симкорти нав шаванд.

Инҷо зери зарбаи асосӣ боз ба  1,5 миллион муҳоҷири меҳнатӣ, ки баҳору тобистон дар муҳоҷират ҳастанд, қарор мегиранд. Камтар муҳоҷире дар се моҳ бармегардад. Аксари онҳо на камтар аз шаш моҳ дар муҳоҷират қарор доранд.

1-уми сентябр, рӯзе, ки ин қарор ба ҳукми иҷро медарояд, симкорти садҳо ҳазор муҳочире, ки то 3-юми июн аз Тоҷикистон хориҷ шудаанд масдуд мешавад. Мавсими сафари муҳоҷирон ҳам баҳор аст ва аксари муҳоҷирони меҳнатӣ моҳҳои март-апрел аз кишвар хориҷ мешаванд.

2. Вазорати корҳои дохила пешниҳод кардааст барои онҳое, ки симкортҳои худро ба истифодаи дигарон медиҳанд ҷазо пешбинӣ шавад. Дар шакли ҷарима аз 150 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 7,5 ҳазор то 12,5 ҳазор сомонӣ) ва ё ҳабс аз ду то се сол.

Чунин тағйирот ба Кодекси ҷиноиро вазорат метавонист замоне пешниҳод кунад, ки тамоми муштариёни ширкатҳои мобилӣ муваззаф шуданд симкортҳои худро дубора сабти ном кунанд. Соли 2016 мақомот тасмим гирифтанд симкортҳо танҳо бо шиноснома фурӯхта шаванд ва ҳамаи муштариён симкортҳои худро аз сабти дубора гузаронанд. Ҳамчунин сабти беш аз ду симкорт ба як ном манъ шуд.

Аммо чун он замон ҳам ин кор танҳо ба хотири гирифтани даромади иловагӣ гирифта шуда буд, ҳеҷ чиз тағйир накард. Ҳар касе чанд ададе мехост симкорт харид. Ҳодисаи Данғара ҳам нишон дод, ки назорати симкортҳо аз тарафи давлат ҳеҷ таъсире ба пешгирии амалиёти террористӣ надорад.  

Тибқи ҳисоби ВКД, ними симкортҳое, ки дар Тоҷикистон истифода мебаранд, ба номи дигарон сабт шудааст. Яъне се миллион. Як манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфтааст «Барои мисол, аз 4 ҳазор муштарии интихобан санҷидашудаи «Мегафон-Тоҷикистон» 2130 нафари онҳо симкорти каси дигарро истифода мекарданд. Ҳамин тавр, аз 2308 муштарии интихобан санҷидашудаи «Бабилон» 1138 нафарашон бо симкортҳои каси дигар тамос доштанд. Чунин ҳолат дар миёни муштариёни «Билайн» ва «Тселл» ҳам сабт шуд».

3. Мақомот ба муштариён имкони бозсабти симкортҳоро сахт маҳдуд кардаанд. Ширкатҳои мобилӣ ба онҳое, ки беш аз ду симкорт ба номҳояшон сабт шудааст, паёмак мефиристанд, то 1-уми сентябр ин симкортҳоро ба номи онҳое сабт кунанд, ки дар амал аз он истифода мебаранд.

Ба назар мерасад ин паёмакҳо ҳам танҳо барои боқӣ мондани далел дар дасти мақомот фиристода мешавад:

а) Дар даҳ рӯз азнавбақайдгирии 3 миллион симкорт ғайриимкон аст;

б) Ин паёмакҳо танҳо ба онҳое фиристода мешавад, ки дар номашон беш аз 2 симкорт ба қайд гирифта шудааст. Онҳое, ки дар номашон ду симкорт ҳаст ва якеи онро нафари дигар истифода мебарад, чунин огоҳиро дарёфт накардаанд;

в) якуним миллион муҳоҷире, ки дар Русия қарор доранд, имкони азбақайдгирии симкортҳоеро, ки дар номи дигарон сабт шудааст, надоранд;

Бо гумони ғолиб ширкатҳои мобилӣ дастур гирифтаанд дар азнавбақайдгирии симкортҳо то 1-уми сентябр шитоб накунанд. Бо дарназардошти ин авомил, шояд 10 дарсади муштариёни ширкатҳои мобилӣ, ки симкортҳояшон ба исми дигарон аст, имкони азнавбақайдгирии онҳоро пайдо кунанд. Яъне ҳудуди 300 000 нафар. Боқимонда 2 миллиону ҳафтсад ҳазор нафар маҷбур мешаванд барои симкортҳои худ 250 сомонигӣ ба кисаи бетаги Бег Сабурӣ бирезанд.

Инчунин симкортҳои 50 дарсади боқимонда аз якуним миллион муҳоҷир ҳам, ки симкортҳо ба номи худашон аст, бо гузашти 90 рӯз масдуд мешаванд. Яъне 750 000 симкорти дигар.

Ба ҳамин тартиб беш аз 3-3,3 миллион муштарии ширкатҳои мобилӣ маҷбур ба азнавбақайдгирии симкортҳои худ бо супоридани 250 сомонӣ мешаванд, ки дар умум 750-800 миллион сомонӣ ё $80-85 миллионро ташкил хоҳад дод.

Бо дар назардошти муҳоҷирати меҳнатӣ, ин бизнес якдафъаина набуда, ҳар сол ба кисаи Бег Сабурӣ миллионҳо доллар ворид хоҳад кард. Чун аксари кулли муҳоҷирон беш аз се моҳ дар хориҷ аз кишвар ҳастанд, симкортҳояшон ҳар сол бо гузашти 90 рӯз масдуд хоҳад шуд. Ҳатто агар ниме аз онҳо маҷбур ба хариди симкорти нав шаванд, солона ба хазинаи беги алоқа ҳудуди 190 миллион сомонӣ, ки бо қурби имрӯза $20 000 000-ро ташкил медиҳад, ворид хоҳанд кард.   

Бизнеси шахсӣ ё камбуди буҷа?

Ин фарзия ҳам вуҷуд дорад, ки иқдом аз тарафи давлати Тоҷикистон гирифта шудааст. Камбуди шадид дар буҷа ва фарорасии замони пардохти қарзҳои хориҷӣ, масъулини бахши иқтисодии давлатро ба ҷустани роҳҳои иловагӣ барои даромад ба буҷа водор кардааст ва имкон дорад фурӯши симкортҳо идеяи онҳо бошад.

800 миллион сомонӣ ҳудуи 4 дарсади буҷаи Тоҷикистон дар соли 2018 аст.

Боло бурдани нархи симкортҳо бизнеси шахсии Сабурӣ ва Раҳимзода аст ё кӯшиши давлат барои пур кардани қасри буҷа, ба зудӣ маълум хоҳад шуд.  

Кӯшиши қаблии Бег Сабурӣ барои масдуд кардани паёмакрасонҳо бо эътирози густардаи мардум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷеҳ шуд ва ҳукуматро водор кард ба қазия дахолат ва ин қарорро бекор кунад.

Вокуниши мардум ин дафъа чӣ гуна хоҳад буд?


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>