Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Владимир Путин: Эмомалӣ Раҳмон автомат дар даст вориди Душанбе шудааст

$
0
0

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни сафараш ба Тоҷикистон дар аввали моҳи октябри соли 2012 гуфтааст, ки “Эмомалӣ Раҳмон автомат дар даст вориди Душанбе шуда буд”. Дар ин бора Хабаргузории Regnum бо истинод ба сойти расмии раисҷумҳури Русия хабар додааст.

Дар мақолаи Regnum аз 8-уми октябри соли 2012 таҳти унвони “Сайт президента России: Эмомали Рахмон вошел в Душанбе с автоматом в руках” ҳамчунин эътирофи Эмомалӣ Раҳмонов мабнӣ ба ҷалби афсарони хориҷӣ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро зикр кардааст.

Ин сомона аз суханҳои Раҳмонов зимни вохӯрияш бо Владимир Путин дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон иқтибос овардааст. “Ман худам артиши миллиро дар полигону хаймаҳо сохтам. Мо нерӯҳои мусаллаҳ надоштем, мо вазири дифоъ надоштем, мо ҷенеролу афсар надоштем. Мо аз кишвари дигар 200 афсар дархост кардем. Аз байни онҳо ман сарҳанг Шишлянниковро интихоб кардам (тибқи иттилоъи Regnum Александр Шишлянников шаҳрванди Ӯзбекистон аст). Мо аз сифр оғоз кардем ва нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рушд мекунанд” — гуфтааст раисҷумҳури Тоҷикистон.

Regnum аз сойти расмии раисҷумҳури Русия суханони Путинро дар он вохӯрӣ иқтибос меорад, ки гуфтааст раисҷумҳури Тоҷикистон таҷрибаи ҳарбӣ дорад, чун дар артиши Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. “Ӯ гуфт, ки онҳо нерӯҳои мусаллаҳ надоштанд, худаш ба Душанбе автомат дар даст ворид шудааст. Хулоса ӯ инсонест, ки мактаби ҷангиро гузаштааст ва қадри нерӯҳои мусаллаҳи босифатро медонад” — изҳор кардааст Путин.

Эътирофи Раҳмонов дар ҷалби афсарони хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва иттилоъи Путин мабнӣ бар ин ки Раҳмонов бо автомат вориди Душанбе шудааст, бори дигар собит месозад, ки охири соли 1992 Раҳмонови коммунист бо нерӯҳои хориҷӣ ба пойтахти кишвари худаш лашкр кашидааст.

Албатта ин ки ӯ мегӯяд дар Тоҷикистон ҷенеролу афсар набуд ва ӯ маҷбур ба ҷалби 200 афсари хориҷӣ шуду аз байнашон Шишлянниковро интихоб кард, дрӯғи маҳз аст. Шишлянниковро мисли худи Раҳмонов аз Тошканд таъин карданд ва дар таъини ӯ Русия ҳам нақш доштааст.

Александр Шишлянников

Ҷенерол-майори ГРУ Русия Александр Сергеевич Чубаров дар китобаш бо номи “Ҷанги ман” аз чӣ гуна таъин шудани вазири дифоъи Тоҷикистон чунин ҳикоя мекунад:

Рӯзи дигар маро боз Рустам Урманович (Аҳмадов, вазири дифоъи Ӯзбекистон) қабул кард.

— Хуб, тайёрӣ ба Тоҷикистон биравӣ? Мана вазири дифоъи ояндаи ту — ва ба сарҳанги қадпасте ишора мекунад, ки хоксорона дар кунҷ нишастааст. — Мо ӯро таъин мекунем.

10-уми декабри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмонов баъди табаддулоти давлатӣ дар сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва аз тарафи Ислом Каримов раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон таъин шуданаш,  бо танку тӯпи хориҷиҳо вориди Душанбе шуд ва марҳалаи асосии ҷанги шаҳрвандиро оғоз бахшид.

Ин хиёнати Раҳмонов ба китшвару миллат боиси марги 150-200 ҳазор ва овораву гуреза шудани беш аз як мииллион шаҳрванди Тоҷикистон гардид.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>