Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ислом Каримов ҳам ба ошғоли таърих меравад. Навбати кист?

$
0
0

Пурнуфузтарин диктатори Осиёи Миёна, ки мардумаш аз ба истилоҳ “бе таҳорат гирифтани номаш” метарсид, барои ҳамеша ба ошғоли таърих партофта мешавад. Номи Ислом Каримов дар кишвараш таҳрим шуд.

Васоити ахбори умуми Ӯзбекситон, аз ҷумла радио ва телефизиони ин кишвар дастур гирифтаанд, дигар аз раисҷумҳури пешини ин кишвар Ислом Каримов ном бурда нашавад. Як рӯзноманигор ҳатто гуфтааст бурдани номи Каримов хатарноктар аз бурдани номи Тоҳир Юлдош шудааст.

Овехтани акси Каримов дар толорҳову утоқҳои корӣ ҳам мамнӯъ гардидааст. Дар кӯчаҳои шаҳру деҳоти Ӯзбекистон, ки ду сол қабл пур аз аксу суханҳои Ислом Каримов буданд, дигар аз ӯ хабаре нест. Мардум ҳам, ки ӯро “отамиз” меномид, бо суръат дорад падарашро фаромӯш мекунад.

Қабл аз Каримов диктатори дигари Осиёи Миёна Сафармурод Ниёзов ба ин тақдир дучор шуда буд. Ин диктотур ҳам, ки барояш ҳайкали тиллоӣ гузошта буданду китобҳояш аз синфҳои ибтидоӣ сар карда то донишгоҳҳо таълим дода мешуданд, баробари рафтан аз дунё, аз ёди мардум ҳам рафт.

То маргашон ҳеҷ кӯчае бе акси онҳо набуд, ҳеҷ сухангӯе бе иқтибос аз “гуфтаҳои пурҳикмати” онҳо ҳафр намезад, номашон вирди забони хосу ом буд, миллионҳо нафар барояшон саҷда мекарданд, аммо баъди марг ягона таърифе, ки инак аз ин ду “падари миллат”, “пешво” ва “наҷотдиҳанда” боқӣ мондааст, диктатор аст.

Баъди аз саҳнаи сиёсӣ рондани мухолифин, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ бо суръат ба “пешво”-ву “падари миллат” табдил шуд. “Шӯҳрат”-у “маҳбубият”-и ӯ аз ҳамтоёни бадӯзахрафтааш камтар нест.

Аммо чанд муддати дигар?


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>