Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Шӯҳрат Қудратов озод шуд

$
0
0

Вакили дифоъ Шӯҳрат Қудратов баъди 4 солу як моҳи боздошташ ба озодӣ баромад. Ҳоло ӯ дар хонааш қарор дорад.

13 январи соли 2015 додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Тоҳир Мӯсобекзода Шӯҳрат Қудратовро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ (320 ва 247 қисми 4) — «додани пора» ва «қаллобӣ» — 9 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо баъди шикояти касатсионӣ, Додгоҳи Олии Тоҷикистон моддаи 247, яъне қаллобиро аз ҳукми Шӯҳрат ҳазф кард ва мӯҳлати зиндонашро то 3 соли 9 моҳ поён бурд.ҳир Мӯсобекзода. Додрасе, ки Шӯҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндон маҳкум кард

Шӯҳрат Қудратов, узви Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон ва аз вакилони озодандеше буд, ки бештар парвандаҳои сиёсиро ба дӯш мегирифт. Аз ҷумла ҳимояи парвандаҳои пурсарусадои раиси “Мовароуннаҳр” Ҷӯрабек Охунов, вазири собиқи умури дохилӣ Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва аз Диловаршоҳ Қосимов, нафари муҷрим дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи “Ҷангали Тоҷик” ва шавҳари хоҳари калонии президенти Тоҷикистонро ба дӯш дошт.

Шӯҳрат 21 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир шуд. Дар авфи зиндониён ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон интизор мерафт, ки Шӯҳрат ҳам авф шавад, вале ӯро ба он рӯйхат ворид накарданд. ндар Абдуллозода. Айбдоркунандаи давлатии парвандаи Шӯҳрат

Бо вуҷуди талабҳои зиёди Созмонҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҳам мақомоти тоҷик ҳозир нашуданд Шӯҳратро озод кунанд.

Наздикони Шӯҳратро ҳам ба дидори ӯ роҳ намедоданд ва ҳамсараш Гулафрӯз Қурбонова борҳо шикоят карда буд, ки аз замони боздошти шавҳараш боре ҳам ба ӯ мулоқот накардааст. Баъди эълони ҳукмаш дар зиндон ҳам ба Шӯҳрат иҷоза надоданд бо модараш хайрухуш кунад. Гулафрӯз, ки се фарзанди ноболиғ дорад, рӯзгорашро бо муаллимӣ пеш мебурд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>