Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки кормандонаш бо вуҷуди моҳонаи кам зиндагии на камтар аз тоҷиронро доранд, зоҳиран қарор додааст даромадҳояшро расмӣ гардонад.
Албатта оиди аз куҷо пайдо шудани хонаҳои пурдабдаба дар афсарони ВКД масъалаи баҳсӣ аст. Худи ВКД мисли додситонӣ ба ин назар аст, ки кормандонаш хешу табори тоҷире доранд, ки ба онҳо кӯмак мекунанд. Аммо назари мардум ин аст, ки он пулҳо бо ҳар роҳ аз ҷинояткорону воқеъиву сохта ситонида мешаванд.
Дар соли рушди сайёҳӣ ВКД ҳам тасмим гирифтааст аз маърака қафо намонад ва саҳми худро гузорад. Аниқтараш ситонад. Як моҳ пеш аз тарафи ин ниҳод милитсияи сайёҳӣ ташкил дода шуд, ки вазифаааш кӯмаку хидмат ба сайёҳон таъриф шуд. Баробари таъсиси он, корнамоии як корманди ин милитсия ҳам расонаиву таблиғ шуд, ки ба ду сайёҳ ҳамёни гумшудаашро дар ним сота ёфтаву баргардонидааст. Албатта баъдан маълум гардид саҳми он корманд дар ёфтани ҳамён танҳо ҳамин будааст, ки ҳамроҳи сайёҳон ба ҷои пиёдашудаи онҳо аз такси рафтааст. Худи ронандаи такси, ки ҳамёнро пайдо карда буд, ба онҷо баргашта мунтазири сайёҳон будааст, ки шояд барои пайдо кардани ҳамёнашон баргарданд.
Ҳанӯз як моҳ аз таъсиси милитсияи сайёҳӣ нагзашта, ВКД қарор дод барои кӯмак аз сайёҳон пул ситонад. Албатта тавассути ширкатҳои сайёҳӣ. Ширкатҳои сайёҳӣ бошанд, метавонанд маблағи муҳофизи низомипӯшро ба нархи тур зам кунанд. Худи сайёҳон, дар сурати мустақиман аз онҳо талаб кардани милитсияи сайёҳӣ, имкон дорад инро чун талаби ришва талаққӣ диҳанд. Дар кишварҳои мутамаддин ришва гирифтани пулис даҳшат аст. Ҳамаҷо Тоҷикистон нест, ки аз ҳар шаттазадаву шаттахӯрда ришва талаб кунӣ — аз шаттазада барои он ки як нафарро зад, аз шаттахӯрда барои.. масалан ин ки як саҳифаи шиносномааш доғ дошт.
Нарх ҳам муайян шуд — 250 сомонӣ барои як рӯз.
250 сомонӣ чанд рӯз қабл ҳам машҳур шуда буд. Бо қимати симкорт. Аз қазо боло бурдани нархи симкорт ҳам тибқи иттилоъи расонаҳо, пешниҳоди ВКД будааст. Мо ба ин шубҳа карда будем ва назарамон ин буд, ки Бег Сабурӣ ба хотири расмият бахшидан ба бизнеси наваш Рамазон Раҳимзодаро ба он ҷалб кардааст. Албатта ин фарзияро наметавон то ҳол пурра истисно кард — имкон дорад Сабурӣ Раҳимзодаро ҷалб кардаву нархро дуввумӣ пешниҳод кардааст. Ин ки нархро Раҳимзода пешниҳод кардааст дигар ҷои шубҳа нест. Ба хусус баъди нархгузории хидмати милитсияи сайёҳӣ. Раҳимзода шоир, олим ва ҳатто драматург аст ва фантазияи васеъ дорад.
Аммо баргардем ба милитсияи сайёҳӣ. “Барои аврупоӣ 25 доллар чӣ аст? 1000 доллар ба ширкати сайёҳӣ медиҳад, 25 доллар барои амнияташ ҳам диҳад, ҳеҷ гап нест” — зоҳиран хулосагирӣ кардаанд дар ВКД. Аммо фаромӯш кардаанд ё намедонанд, ки аврупоӣ ҳаргиз ба пулис пул намедиҳад ва пулис дар ҳама ҷои дунё ходими давлатист, ки танҳо ва танҳо аз давлат маъош мегирад.
Аз паи ширкатҳои ҳавопаймоӣ (аниқтараш онҳое, ки аз он ҳисоб даромад мегиранд), ки бо баландтарин дар ҷаҳон расонидани нархи чиптаҳо ба рушди сайёҳӣ “кӯмак” мекунанд, ВКД ҳам мехоҳад саҳим бошад. Дар ба минтақаи тиллоии сайёҳӣ табдил додани Тоҷикистон. Тиллоӣ инҷо ба маънии қимати тур аст.
Минтақаи “тиллоӣ”-е, ки ҳеҷ шароите, ҳатто ҳоҷатхонаи дурусте барои гардишгар омода накардааст.