Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Аз дастархон ба санги мазор

$
0
0

Кумитаи дин пас аз танзими ҳаҷми дастархони идонаи мардум, ба санги рӯи қабр пардохта, ҳаҷми онро ҳам муайян кардааст. Минбаъд санги мазори маййит аз тарафи Кумитаи дин назорат мешавад.

Санги болои қабр, мувофиқи тартиби муайянкардаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон набояд бештар аз як метр баландӣ ва аз 50 сантиметр паҳноӣ дошта бошад. Дар ин бора Радиоӣ “Озодӣ” бо истинод ба манбаъаш дар ин кумита иттилоъ медиҳад.

“Якум. Санги мазори уфуқӣ бояд дарозиаш то 1,5 метр, паҳноиаш то як ва баландиаш ним метр бояд бошад. Дувум. Санги мазори амудӣ бояд то як метр баландӣ, ним метр паҳноӣ ва то даҳ сантиметр  ғафсӣ дошта бошад”, — шарҳ додааст манбаъ.

Ҳанӯз барои хилоф кардани соҳиби маййит ба ин муқаррароти Кумитаи дин ҷазо ё ҷаримае пешбинӣ нашудааст, аммо намояндагони он дар навоҳӣ ва шӯроҳои маҳалла иҷро шудани ин тартибро назорат мекунанд.

Исломҷон Саидов, донишманди улуми шаръӣ қарору тасмимҳои ахири Кумитаи дин ва Шӯрои уламоро “аз бекорӣ кадукорӣ” номид ва гуфт “бо машғул шудан бо чунин масоил, вазифаи аслии худро канор гузоштаанд”.  Аммо дар шарҳи санги рӯи қабр аз нигоҳи шаръ гуфт: “Аз расули Худо (с) ҳадисе ривоят шудааст, ки ҳангоми ба хок супоридани Усмон ибни Мазъун (р) он ҳазрат дастур доданд санге биёваранд ва рӯи қабри ӯ гузоранд ва дар ривоят омадааст, ки худи Ҳазрат низ дар овардани санг, азбаски калон буд, кӯмак карданд. Вакте рӯи қабр гузошта шуд, гуфтанд: бо ин аломат қабри бародарамро мешиносам.

Хулоса, аз нигохи шаръ гузоштани санг руи кабри майит барои шинохтани майит чоиз аст ва андозаи он муайян нашудааст. Муайян кардани андозаи он ва мардумро маҷбур кардан ба он, як амри зиёдатӣ ва сахтгирӣ дар умуре ба хисоб меравад ки худи шахс ҳақ дорад чӣ миқдоре мехоҳад, интихоб кунад».


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>