Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Рангубори иҷбории биноҳо аз ҳисоби сокинон. Аз 100 то 750 сомонӣ

$
0
0

Барои рангубори биноҳои баландошёна, ки дар Душанбе ҷараён дорад, аз сокинон иҷборан пул ҷамъ мекунанд. Маблағи он ҳам яксон нест ва аз 100 то 700 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои сокинони Душанбе, шаҳрдорӣ аз ҳар хонаводаи биноҳои баландошёна барои рангубори беруни бино маблағ меситонад. Ва ҳеҷ ниҳоде аз чӣ гуна масраф шудани ин маблағҳо гузориш намедиҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи гуфтаи сокинон, қисме аз биноҳо ҳатто баъди ҷамъоварии маблағ ва гузашти як сол ҳам рангубор нашудаанд.

Сокинон иттило медиҳанд, ки дар як бинои маҳаллаи 101-ум аз ҳар хона 100 сомонигӣ ҷамъоварӣ мекунанд, аммо як сокини бинои 9-ошёна дар маҳаллаи 92 гуфтааст аз сокинони ин бино 600 сомонигӣ ҷамъ кардаанд.

Аз ҳар сокини бинои воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев — 13 шаҳрдорӣ 540 сомонӣ талаб кардааст, аммо аз сокинони як бинои дигари воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ  537 сомонигӣ гирифтаанд.

Бузургтарин маблағе, ки сокинони пойтахт аз гирифтанаш хабар додаанд, 750 сомон аст, аммо нишонии ин бино зикр нашудааст.  

Қаблан Паём дар бораи таъмири дубораи биноҳо бо гузашти ҳамагӣ 6 моҳ хабар дода буд. Ним сол қабл дар кӯчаҳои марказии Душанбе биноҳо рангубор шуда буданд ва аз сокинон 1000-сомонигӣ ҷамъоварӣ шуда буд.

Қарор буд, маблағи таъмири навро шаҳрдорӣ пардохт кунад, аммо ба назар мерасад мансабдорони ин ниҳод ҳам аз “наъл мезананд ҳам аз пошна”. Яъне ҳам маблағи аз ҳисоби буҷа ҷудо шударо азхуд мекунанд, ҳам қисмати зиёди маблағҳоеро, ки аз сокинон ҷамъоварӣ мешавад. Чун танҳо барои рангубор гирифтани 600 сомонӣ аз ҳар хона, гувоҳи он аст, ки қисмати бештари ин пул ба кисаи мансабдорон, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ меравад.

Баъди расидан ба раёсати шаҳрдории пойтахти кишвар, писари раисҷумҳур бидуни истиҳола ба ғорати буҷаи шаҳр машғул аст.

Қаблан Паём дар бораи фармони Рустами Эмомалӣ оиди ба 2 миллиард расонидани буҷаи шаҳр хабар дода буд. Барои ин кор кормандони мақомоти андоз ба марокизи тиҷоратӣ ва корхонаҳо сафарбар шуданд, то ҳамаро ҷарима кунанд.

Ҳамчунин сохтмони истгоҳҳо дар тамоми шаҳр идома дорад. Маблағи сохтмони як “истгоҳи замонавӣ” дар пойтахт 30 ҳазор доллар аст. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манобеъи Паём, қимати сохтмони як истгоҳ  аз се ҳазор доллар бештар нест.

Ҳамчунин шаҳрдорӣ шоҳроҳи протоколии шаҳрро низ таъмир мекунад. Тибқи иттилои расонаҳо қимати ин таъмир $10 млн 400 ҳазор (91 млн 780 ҳаз. сомонӣ) муқаррар шудааст. Қимати аслии ин таъмир чӣ қадар аст, мешавад танҳо тахмин зад.

Рустами Эмомалӣ сохтмони боғи бузургеро дар маркази пойдахт низ ба нақша гирифтааст. Барои сохтмони он ҳатто аз деҳқонони ноҳияҳои дурдаст маблағ ҷамъаоварӣ мешавад. Қаблан Паём иттило дода буд, ки мақомоти ҳади ақал се ноҳияи вилояти Хатлон аз деҳқонон талаб кардаанд аз ҳар гектар заминашон 30 сомонигӣ пардохт кунанд. Ин пул ба гуфтаи онҳо барои сохтмони боғи нави истироҳатие, ки шаҳрдории Душанбе ба нақша гирифтааст, ҷамъоварӣ мешавад.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>