Мақомоти Тоҷикистон дубора ба шиканҷаи маҳбусони сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оғоз кардаанд. Онҳоро маҷбур мекунанд назди дастгоҳи наворбардорӣ ба ҲНИТ тӯҳмат зананд.
Баъди нашри баромади узви Раёсати олии ҲНИТ Айёмиддин Сатторов, мақомоти Тоҷикистон аз дигар аъзои раёсати ин ҳизб, ки дар зиндонҳои кишвар ҳастанд, талаб доранд, ки аз Сатторов пайравӣ кунанд.
Тибқи иттилоъи манбаъ аз Раёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлия, ҳамаи 12 узви раёсати олии ҲНИТ, ки дар зиндонҳо қарор доранд, зери шиканҷаи шадид гирифта шудаанд. Онҳоро чандборӣ маҷбур ба тамошои навори баромади мулло Айёмиддин кардаанд ва аз онҳо мехоҳанд дар чунин филме “нақш офаранд”.