Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва гаравгонҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз созмонҳои байналмилал ва сафоратҳои кишварҳои деморатӣ дар Тоҷикистон даъват кардааст ба мавҷи нави шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ дар ин кишвар расидагӣ кунанд.
Ин кумита амалкарди мақомоти Тоҷикистонро ҷиноӣ ва зиддибашарӣ номида, гуфтааст дар сурати идома кардани ин шиканҷаҳо кампини густардае барои ҳимоят аз ҳуқуқи асирон бо гузаронидани пикету тазоҳурот ва даъвати мардум барои ҳамроҳ шудан ба он, роҳандозӣ хоҳад кард.
Матни пурраи изҳороти Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва гаравгонҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ба шакли зер аст:
Мавҷи нави шиканҷаи маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон дар арафаи нишасти САҲА
Тибқи иттилоъи манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон, чанд рӯзи охир маҳбусони сиёсиеро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, аз нав зери шиканҷа гирифтаанд. Аз маҳбусон талаб доранд, то бо пушаймонӣ аз фаъолияти сиёсии худ, сиёҳ кардани ҲНИТ ва узрхоҳӣ аз мардуми кишвару даъват ба парҳез намудан аз дастгирии ин ҳизби мухолиф, изҳорот диҳанд.
Ба гуфтаи манбаъ, мавҷи нави шиканҷаҳо ба нишасти қарибулвуҷӯъи САҲА оид ба ҳуқуқи инсон дар Варшава бастагӣ дорад. Мақомот мекӯшанд маҳбусинро маҷбур ба иқрори гуноҳ дар пайравӣ ба Айёмиддин Сатторови солхӯрда намоянд. Аз зиндониён талаб доранд, ки назди дастгоҳи сабт ба он чӣ мақомот мехоҳанд, иқрор шаванд. Бинобар напазируфтани ин дархост, маҳбусони сиёсӣ дубора, мисли замони тафтишот дучори шиканҷаи тавъам бо таҳқиру таҳдид шудаанд.
Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва гаравгонҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ин амалкарди мақомотро ҷиноӣ ва зиддибашарӣ меҳисобад ва бо шадидан маҳкум кардани он, талаб мекунад, ки ба ин кор хотима дода шавад.
Мо аз ташкилотҳои байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқ ва сафоратҳои кишварҳои демократии мустақар дар Тоҷикистон даъват менамоем, ки барои хотима додан ба шиканҷаи маҳбусони сиёсӣ ҳар ончӣ аз дасташон меояд, анҷом диҳанд.
Мо аз ниҳодҳои байналмилалӣ даъват мекунем, ки комиссиюни махсусе таъсис дода, на танҳо аз мақомоти Тоҷикистон талаб кунанд дар бораи мавҷи нави шиканҷаҳо алайҳи тӯҳматшудагону бегуноҳ дар додгоҳҳои дарбаста ва бидуни вакили дифоъ маҳкумшудагон ҳисобот диҳанд, балки ба тафтиши вазъи саломатӣ ва риояи ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳо даст ёбанд.
Аз тарафи худ КШДЗГСТ ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки дар сурати идома пайдо кардани шиканҷаҳо ва бадтар шудани вазъи маҳбусини сиёсӣ, мо ба худ ҳақ медиҳем кампини густардае барои ҳимоят аз ҳуқуқи асирон бо гузаронидани пикету тазоҳурот ва даъвати мардум барои ҳамроҳ шудан ба талабҳои мо оид ба риояи Сарқонун ва ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, роҳандозӣ кунем.
Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва гаравгонони сиёсии Тоҷикистон