Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостаанд фурӯши симкортҳо бо нархи навро ба қафо партоянд. Тибқи қарори Хадамоти алоқа симкортҳо аз фардо пулакӣ мешаванд.
Чаҳор ширкати мобилии Тоҷикистон «Тcell», «ТТ-Мобайл», «Вавилон-Мобайл» и «Таком» бо ирсоли як нома аз ин ду Хадамот хостаанд замони оғози фурӯши смикортҳои пулакиро ба моҳи ноябр гузаронанд. Ширкатҳо гуфтаанд натавонистаанд ҳуҷҷатҳои худро барои симкортҳои пулакӣ омода кунанд.
Ҳанӯз Хадамоти алоқа ва Хадмоти зиддиинҳисорӣ ба ин дархости ширкатҳои мобилӣ посух надодаанд, вале ширкатҳо интизор доранд то бегоҳ посухашонро дарёфт кунанд.
Муштариёни ширкатҳои мобилӣ даҳ рӯзи охир ба намояндагиҳои ширкатҳои мобилӣ сарозер шудаанд, то тавонанд то замони пулакӣ шудани симкортҳо, талаботи Хадамоти алоқаро иҷро кунанд. Хадамоти алоқа талаб дорад нафароне, ки аз симкортҳои номнавис шуда ба шахси дигар истифода мекунанд, онро ба номи худашон гардонанд.
Дар ҳамин ҳол фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ аз мардум хостаанд ба ин қарор на итоат, балки муқобилият кунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фардо, 31 августро рӯзи таҳрими симкортҳои Тоҷикистон эълон кардаанд ва аз мардум даъват шудааст дар ин рӯз аз истифодаи симкортҳо худдорӣ кунанд.
МО РОЗӢ НЕСТЕМ 250. !!!МЫ НЕ СОГЛАСНЫ 250. !!!
Posted by Бойкоти Симкорт on Tuesday, August 28, 2018
Ҳамчунин ду фарохон — яке бо талаби бекор кардани қарори пулакӣ кардани симкорт ва истеъфои Бег Сабурӣ ва дигаре бо талаб аз Ҳукумати Тоҷикистон ба поён додан ба худсариҳои ниҳоду ширкатҳои давлатӣ ва сӯиистифодаи афроди манфиатхоҳ, пеш аз ҳама Раиси Хадамоти алоқаи кишвар Бек Сабур, роҳандозӣ шудааст.