Гурӯҳе аз мардони тоҷики муқими Русия, фондеро дар ин кишвар бо номи “Фонди ҳиҷоб” барои дастгирии занони мусалмоне, ки дар Тоҷикистон барои ҳиҷобашон ҷарима мешаванд, таъсис додаанд.
Қарор аст ин фонд ҷаримаи онҳоеро, ки бинобар пӯшидани ҳиҷоб баста шудаанд, пардохт кунад. Дар ин бора фаъоли сиёсӣ ва вакили дифоъи муқими Русия Иззат Амон иттилоъ додааст.
Зимни эълони таъсиси фонд, ӯ аз занони муҳаҷҷабае, ки минбаъд барои ҳиҷобашон ҷарима мешаванд, даъват кардааст бо баргаи пардохти ҷарима ба ин фонд муроҷиъат кунанд.
Ҳамчунин барои онҳое, ки мехоҳанд дар ин фонд саҳми худро гузоранд, рақами корти бонкӣ ва ҳисоби махсус дар Киви эълон шудааст.
Матни эълони ифтитоҳи фонд ба шакли зер аст:
Ба таваҷҷуҳи хоҳарони мусалмони муҳаҷҷаба.
Мо як гуруҳ ҷавонмардони мусалмони тоҷик баъд аз иттилоъ пайдо кардан аз мушкилии ба сари хоҳар Нилуфар Раҷабова (модари ду фарзанди маъюб) омада, тасмим гирифтем фондеро бо номи «Фонди ҳиҷоб» дар Маскав таъсис диҳем.
Минбаъд ҳар хоҳару модаре, ки аз ҷониби мақомоти кишвар ба хотири пушидани ҳиҷоб ҷарима мегардад метавонад ба ин фонд муроҷиат карда кумак дарёфт намояд.
Далели дарёфти кумак танҳо баргаи (квитанция) пардохти ҷарима барои пушиши ҳиҷоб мебошад.
Хоҳарони ҷабрдида бидуни мушкил метавонанд ба шумораҳои зер тамос гирифта кумак дарёфт намоянд.
тел: +79645594961, (ИМО, вотсап, вайбер)
- Дустоне , ки мехоҳанд ба «Фонди ҳиҷоб» саҳми худро гузоранд, низ метавонанд ба шумораҳои зер маблағ ирсол намоянд:
Корти бонкӣ: 5469 3800 5742 6693,
+79645594961 киви кошелек