Профессори Донишгоҳи Колумбия Эдвард Лемон аз тоҷикистониён ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард ба кампини наҷоти зиндониёни сиёсӣ идома диҳанд. Ба гуфтаи ӯ кампинҳо бо хештегҳои #FreeHamza, #FreeFatima, #FreeKhayrullo натиҷа доданд. Акнун ин донишманд пешниҳод кардааст флешмоби #Freetajikpoliticalprisoners оғоз карда шавад.
“Мо бояд ин равишро дар даст нигоҳ дорем. Ҳоло вақти он аст, ки аз мақомоти Тоҷикистон талаб кунем #Freetajikpoliticalprisoners” — мегӯяд профессор дар саҳифаи Твиттери худ.
Ӯ дар бораи зиндонии сиёсӣ Бузургмеҳр Ёров ҳикоя мекунад, ки мақомот 29 сентябри соли 2015 танҳо ба ин хотир, ки ҳангоми тафтишот аз аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳимоя кард, боздошт намуданд.
“Вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки пайваста аз фаъолони мухолиф ҳимоя мекард, бо иттиҳомоти ангезаи сиёсӣ дошта — қаллобӣ ва таҳқири раисҷумҳур ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯро дар боздоштгоҳ шиканҷа мекарданд” — қайд мекунад Эдвард Лемон.
Зиндонии дигари сиёсӣ, ки Лемон дар борааш менависад, сармуҳаррири ҳафтаномаи Ҳизби наҳзати исломӣ Ҳикматулло Сайфуллозода аст.
“Вақте ки ман дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардам, чанд маротиба бо муҳаррири ҳафтаномаи ҳизбии “Наҷот” Ҳикматулло Сайфуллозода вохӯрдам. Ӯ ҳамеша як инсони содиқ ва меҳмондӯст буд. Моҳи июни соли 2016 ӯро бо иттиҳоми терроризм маҳкум карданд. Дар зиндон бошад, ба ӯ расонидани ёрии тиббиро рад кардан” — менависад Лемон дар саҳифаи Твиттери худ.
Гуфтанист, ки моҳи ҷорӣ ҷомеъаи Тоҷикистон ва дар умум ҷомеъаи ҷаҳонӣ тавонист ба хориҷ шудани Ҳамза, набераи чаҳорсолаи раиси ҲНИТ барои табобат кӯмак кунад. Давоми ним сол, замоне, ки саратони ҷанини Ҳамза рушд мекард, мақомоти Тоҷикистон аз додани ҳуҷҷатҳои Ҳамзаву модараш худдорӣ мекарданд ва имкон намедоданд табобаташро дар хориҷ идома диҳад. Бинобар ин дар тамоми ҷаҳон флешмоб бо хештеги #FreeHamza дар тамоми ҷаҳон оғоз шуд.
Мақомот ҳамчунин ба духтари 10-солаи фаъоли сиёсӣ Шабнам Худойдодова иҷозаи хурӯҷ намедоданд. Кампини #FreeFatima дар таоми дунё паҳн шуд ва мақомот маҷбур шуданд ҳуҷҷатҳои кӯдакро баргардонанд ва ин оида дар Аврупо ба ҳам омад.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидовро ба 12 сол ҳабс маҳкум кард. Дӯстони ӯ, фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқ тавассути хештеги #FreeKhayrullo ба талаби озодии ӯ оғоз карданд. Ҳамаи далелу норозигиҳо зери як занҷираи #FreeKhayrullo ҷамъ шуд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро беҳтар тасвир кард.
Акнун замони талаби озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ #Freetajikpoliticalprisoners фаро расидааст. Инонҳо набояд бинобар андешаҳои диниву сиёсиашон зери таъқиб қарор гиранд.