Сухангӯи дабири кулли Созмон милали муттаҳид аз таваққуфи кӯмакҳои молии Амрико ба ожонси имдод ва кори ин созмон барои оворагони фаластинӣ дар Ховари наздик, ибрози таассуф кард.
Стефон Дюжорик, сухангӯи дабири кулли Созмон милали муттаҳид бо интишори баёнияе аз тарафи Антониу Гутераш, дабири кулли ин созмон, таваққуфи кӯмакҳои молии ИМА ба Ожонси имдод ва кори Созмон милали муттаҳид барои оворагони фаластинӣ дар Ховар наздик UNRWA-ро тааcсуфбор донист.
Дар ин баёния бо ишора ба таъмини ниёзҳои аввалияи паноҳҷуён тавассути ин ниҳод омадааст: кӯмакҳои Амрико ба ин ожонс тайи солҳои гузашта ризоятбахш буд. Дюжорик бо ишора ба талошҳои Пер Каренбол, комиссари аршади UNRWA барои муқобила бо бӯҳрони молии мавҷуд, изҳор дошт: Каренбол бо афзоиши теъдоди хайрияҳо, мизони қобили таваҷҷуҳи ҳимояти молии ҷадиди таъмин ва тадобири ҷадиде дар ростои афзоиш боздеҳӣ ва коҳиши махориҷ ин ниҳод иттихоз кардааст.
Дар поёни ин баёния бо ишора ба ниёзи фаврии оворагони фаластинӣ ба хадамоти омӯзишӣ, беҳдоштӣ ва ғайра, соири кишварҳои ҷаҳон ба ироаи кумакҳои молӣ ба ин ниҳод фаро хонда шуданд.