Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи дуюми худ, ки дирӯз, 24.09 баргузор гардид, ба масоили сохторӣ пардохт ва сохторҳову масъулинро тасдиқ кард. Дар ин бора Департаменти навтаъсиси иттилоот ва расонаҳои ПМТ иттилоъ додааст.
Дар баёния омадааст, “Тибқи қарори Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон аз 09.09.2018,Раиси ПМТ лоиҳаи сохтори иҷроияи ПМТ ва номзадҳои мавриди назарро барои баррасӣ пешниҳод намуд.”
Шӯрои ПМТ “пас аз баррасӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сохтор ва номзадҳои пешниҳодшуда”, сохтори иҷроияи ПМТ-ро дар ҳайати зерин таъйид кардааст:
1) Алим Шерзамонов (роҳбари иҷроияи Анҷумани Озодандешони Тоҷик) — муовини Раиси ПМТ;
2) Равшан Темуриён (ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик) — роҳбари ҳайати машваратии назди Раиси ПМТ;
3) Темур Варқӣ (ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик) — директори департаменти иттилоот ва расонаҳо;
4) Маҳмудҷон Файзраҳмонов (узви Раёсати Олии ҲНИТ) — директори департаменти байналмиллалӣ;
5) Мавҷуда Соҳибназарова (узви Раёсати Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон) — директори департаменти иҷтимоиёт ва фарҳанг;
6) Илҳомҷон Ёқубов (Раиси Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо) — директори департаменти муҳоҷират;
7) Шарофиддин Гадоев (ҳамоҳангсози Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон) — директори департаменти иқтисод;
8) Ҷамшед Ёров (ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик) — директори департаменти ҳуқуқ.
Шӯро қарор кардааст, ки дар наздиктарин фурсат масъулини таъйиншуда сохторҳои зертобеъи худро аз лиҳози ташкилӣ ва кадрӣ пурра намоянд.
Дар поёни баёния омадааст: “Инчунин дар ин ҷаласа, натиҷаҳои аввалияи конфронси САҲА дар Варшава ва мулоқотҳо бо ҳайатҳои дипломатии ҳузурдошта дар ин конфронс таҳлил шуд. Ширкати фаъоли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар нишасти имсола ва мулоқотҳои сершумор бо ҳайатҳои гуногуни дипломатӣ, қадами муҳимме барои таҳкими робитаҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ баҳогузорӣ карда шуд”.
Эътилофи мухолифини тоҷик таҳти унвони “Паймони Миллии Тоҷикистон” 9-сентябри соли 2018 таъсис гардид ва ба он чор ҳизбу созмон — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Ҷунбиши Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ворид шуданд.