Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ифшогарие, ки беш аз ҳар рӯйдоде дар се соли охир паёмад хоҳад дошт

$
0
0

Ифшогарии Маҳмадалӣ Расулов, афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки 1 моҳ қабл расонаӣ шуд, ҳанӯз вокуниши ҷиддие на за тарафи ҷомеъа ва на аз тарафи давлати Тоҷикистону кишварҳои дигари вориди қазия бар пай надоштааст, аммо паёмадҳое хоҳад дошт, ки ҳеҷ рӯйдоди дигаре пас аз “кӯшиши кудато”-и Абдуҳалим Назарзода чунин паёмад надоштааст.

Ин афсари КДАМ бидуни муболиға на танҳо тамоми фаъолиятҳои ин кумитаро дар се соли охир ба сифр баробар кард, балки заминаи ба додгоҳи байналмилал кашида шудани раиси кумита ва раҳбари давлатро пурра фароҳам намуд. Ҳоло танҳо ҳамин мондааст, ки мухолифин ва ҷабрдидагон, аз ҷумла ҳамсари Умаралӣ Қувватов, тасмими худро бигиранд.

Фурӯпошии шабакаи ҷосусӣ

Таъсиси шабакаи ҷосусӣ дар хориҷ ва он ҳам дар чанд кишвари аврупоӣ кори содае нест ва солҳо заҳмат мехоҳад. Бегумон Кумитаи амният заҳматҳои фаровоне дар таъсиси ин шабака кашидааст ва миллионҳо доллар дар ин кор ҳазина кардааст. Ҳоло ин заҳматҳо ва он миллионҳо доллар ба дасти бод супурда шуданд. Ва даҳҳо нафаре, ки ба нафъи ин кумита байни муҳоҷирин ҷосусӣ кардаанд, вазъи баде хоҳанд дошт: ба онҳо на танҳо шармандагӣ дар байни мардум таҳдид мекунад, балки имкони дар кишварҳои будубошашон ба додгоҳ кашида шуданашон ҳам хеле бузург аст.

Расулов ҳарчанд дар изҳороташ асмои ҷосусони Тоҷикистон дар хориҷро ба ҷуз ду афсари КДАМ дар Русия ошкор накард, ҳатман рӯзе ин корро хоҳад кард. Шояд бо назардошти ин ки собиқ ҳамкоронаш дар паи ҷисман аз байн бурданаш хоҳанд шуд, аллакай ин рӯйхатро омода ва ба нафари мутмаъинаш таслим кардааст. Пас танҳо ҳамин мемонад, ки мунтазир шавем, то он исмҳо расонаӣ шаванд. Ва Ятимов ҳам маҷбур аст ба истилоҳ “дастархонашро ҷамъ кунад”. Алъон аз Аврупо.

Терроризми байналмиллалии давлати Тоҷикистон

Афсари КДАМ на танҳо гуфт ниҳоди Ятимов дар паи аз байн бурдани раиси ҲНИТ дар Олмон аст, балки даст доштани давлати Тоҷикистон ва Кумитаи амният дар қатли раҳбари пешин ва поягузори Гурӯҳи 24 Умаралӣ Қувватовро ифшо кард. Ин терроризм аст. Терроризми байналмиллалӣ. Ва дар гумон аст, ки кишварҳои Аврупо ба ин кор чашм пӯшанд.

Баъди ин изҳорот хадамоти амниятии кишвари будубошаш ҳатман Расуловро бозпурсӣ хоҳад кард, ё аллакай кардаанд. Баёноти ӯ метавонад чизҳоеро ифшо кунад, ки на танҳо барои КДАМ, балки барои давлати Тоҷикистон гарон тамом шавад. Қазияи Скрипалҳоро ба хотир оваред. Барои террори падару духтар, Русия товони гаронеро дар арсаи сиёсӣ пардохт кард ва ҳанӯз ҳам сарусадоҳо ба итмом нарасидаанд. Дар ҳоле, ки даст доштани хадамоти махсуси Русия дар ин кор ҳанӯз собит нашудааст. Аммо инҷо худи афсари КДАМ, ки маъмур ба омодасозии террор буд, гузориш медиҳад.

Агар қаблан дар Ғарб ба таъкидҳои мухолифин мабнӣ ба террорҳо ва рабудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон бо эҳтиёт вокуниш мекарданд, минбаъд ҳар даъвое ҳатман вокуниши ҷиддие хоҳад дошт.

Нокомии амалиёт ва тақдири Ятимов

Маҳмадалӣ Расулов мегӯяд тарҳи аввал ин буд, ки бо мухолифин мусолиҳа шавад ва ӯ маъмури барқарории тамоми мухолифин бо раҳбарияти КДАМ буд. Аммо дертар ин тарҳ бекор шуда, тарҳи нав  — террори раиси ҲНИТ рехта шудааст. Сабабашро ҳам ӯ норозигии раҳбари давлат ба он тарҳ меномад.

Ҳоло маълум нест тарҳи аввал идеяи худи Ятимов буд ё бо супориши раисҷумҳур омода шуда буд. Ва сабаби даст кашидани ҷониби ҳукумат аз он тарҳ ҳам маълум нест. Аммо ин ки дар тарҳи дуввум — қатли Кабирӣ Эмомалӣ Раҳмон мустақиман даст дошта, дигар мусаллам аст.

Саймумин Ятимовро ворид шудан ба рӯйхати Магнитский таҳдид мекунад. Мухолифин бо дастгирии чанд созмони байналмилал ӯро ба ин рӯйхат пешниҳод кардаанд.  Баъди ифшогарии Расулов дигар роҳ сӯи рӯйхат ҳамвор шуда, суръати рафтан ба он самт ҳам бамаротиб афзудааст. Ин ки Ятимов зери таҳрим хоҳад рафт, дигар ҷои шубҳае нест.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон бояд аз об хушк барояд. Танҳо. Чун дигар наметавонад раиси КДАМ-ро бар дӯш гираду кӯшиши тар нашудани ӯро ҳам кунад. Дар ин сурат худаш на танҳо хушк нахоҳад баромад, балки имкони ғарқшавиаш ҳам бештар мешавад. Яъне ӯ бояд Ятимовро қурбонӣ кунад. Аммо оё метавонад?

Сарҷамъии мухолифин

Ифшогариҳои Расулов, агар ӯ асмои ҷосусинро ошкор кард, асрори ихтилофҳои афтода байни мухолифинро ҳам кашф хоҳад кард. Дар ин сурат на танҳо қазия барои мухолифин рӯшан мешавад, балки бо гумони ғолиб таҳаввулоти бузурге дар саф, сохтор ва рафтори мухолифин бо ҳам низ иттифоқ хоҳад уфтод.

Худи мухолифин кам кам доранд ба ин натиҷа мерасанд, ки мубориза дар ҷабҳаҳои мухталиф натиҷае надар пай надорад. Муайян шудани ҷосусҳо дар гурӯҳҳои мухолиф тамоми асрори ихтилофи байни гурӯҳҳоро низ ифшо мекунад. Дар ин сурат тақрибан монеъае барои иттиҳоди мухолифин боқӣ намемонад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>