Ду узви аршади Раёсати Олии ҲНИТ, рӯзноманигор Ҳикматулло Сайфуллозода ва Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳамад аз зиндон ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол шудаанд.
Тибқи иттилоъи манбаъи Паём интиқоли ин ду зиндонии сиёсӣ чанд рӯз пеш сурат гирифтааст. Сабаби интиқол то ҳол маълум нест.
Сайфуллозода ва Муҳаммадалии Файзмуҳамад ҳамроҳ бо 11 узви дигари Раёсати Олии ҲНИТ се сол қабл, моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуда буданд.
Ҳикматулло Сайфуллозодаи 68 сола ба 16 соли зиндон ва Мавлавӣ Файзмуҳаммади 59 сола ба 23 соли зиндон маҳкум шудаанд.