Пулиси пойтахти Тоҷикистон аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ 10 ҳазору 392 наврасро ба шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохила бурдааст. 6 ҳазору 336 нафари онҳо хонандагони мактабҳои пойтахт, боқӣ меҳмонон аз манотиқи дигари кишвар будаанд.
Тибқи иттилоъи маркази матбуотии ВКД танҳо дар давраи соли 2017 ва 8 моҳи соли ҷорӣ зимни баргузории 2400 амалиёт аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ба Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД дар умум 10392 нафар ноболиғон барои оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиётҳои мусофиркашонӣ, шустани нақлиёт, ташриф овардан ба марказҳои дилхушӣ, савдои кучагӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дастрас карда шудаанд, ки аз ин шумора 6 336 нафарашро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.
Ин маълумот дар мулоцоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини соҳаи маорифи шаҳри Душанбе садо доданд.
Шариф Назарзода, сардори пулиси пойтахт дар бораи вақт ва макони ҷиноятсодиркунии ноболиғон гуфт, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар давраи 8 моҳи соли ҷорӣ ба қайд гирифташуда 7.1%-и онҳо дар давраи аз соати 06:00 дақиқаи саҳар то 12:00 дақиқаи рӯз, 9,8% дар давраи соати 12:00 дақиқаи рӯз то 18:00 дақиқаи бегоҳ, 32,9% аз соати 18:00 дақиқаи бегоҳ то 24:00 дақиқаи шаб ва 50,2% аз соати 24:00 дақиқаи шаб то 06:00 дақиқаи субҳ содир карда шудааст.
Назарзоду гуфт нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо наврасон аз назорати волидайн, омӯзгорон ва дигар табақаҳои ҷамъият дур монда, бо истифода аз назорати суст ва бетарафии атрофиён ба чунин ҷиноятҳо даст мезананд.
Дар мулоқот қайд гардид фармони махсуси сардори РВКД дар шаҳри Душанбе таҳти №51 аз 23 феврали соли 2018 “Дар бораи вобастанамоии кормандони милитсия ба муассиҳаои таълимии шаҳри Душанбе” ба тасвиб расидааст, тибқи он расман 556 нафар кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар ҳайати аз 3 то 5 нафарӣ ба муассисаҳои таълимӣ вобаста гардиданд.
Дар асоси Фармоиши мазкур рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта дар мақомоти милитсияи пойтахт “Рӯзи мактаб” эълон карда шуда, кормандони ба муассисаҳо вобастагардида ба мактабҳо рафта, ҷиҳати иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.