Шаби гузашта раисҷумҳури Молдова Игор Дидон вориди Душанбе шуд. Субҳи имрӯз раисҷумҳури Ӯзбекистон ҳам ба пойтахти Тоҷикистон расид ва ӯро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Дар Душанбе имрӯз, 27 сентябр ва фардо нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор мегардад. Дар он раҳбарони 9 кишвар аз 11 узв ширкат мекунанд.
Украина бори чандум аст, ки аз ширкат дар ин нишастҳо худдорӣ мекунад. Раисҷумҳури Туркманистон, ки бояд раёсати ИДМ-ро қабул мекард, аз омадан ба Душанбе худдорӣ кард. Ӯро ҷонишини сарвазири ин кишвар Пурлӣ Оқомуродов намояндагӣ мекунад.
Шоми дирӯз, қабл аз вуруди раисҷумҳури Молдова, Эмомалӣ Раҳмон толори нави қабули меҳмонон дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанберо ба истифода дод.
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон Игор Дордонро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ, тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, “ба роҳ мондани равобити дуҷониба дар самти содироту воридоти маҳсулоти хоҷагии кишлоқ, аз ҷумла содироти меваи хушк ва асал ба Молдова, ҳамкорӣ дар бахши чорводорӣ, бойторӣ, растанипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ, табодули таҷрибаи кишвари дӯст оид ба парвариши ангур, истифодаи технологияи муосир” аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ дониста шуд.
Ҳамчунин имрӯз вохӯрии раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекистониаш баргузор гардид. “Сарони давлатҳо сафарҳои давлатии ҷавобии худро ба кишварҳои якдигар, натиҷагирӣ карда, аз раванди татбиқи санадҳои зимни сафарҳо имзошуда, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳадафҳои созандаи сарони давлатҳо, аз ҷумла масъалаи сохтмони ду неругоҳ дар болои дарёи Зарафшон, таъсиси филиали ширкати “Артел” дар Тоҷикистон ва дигар иқдомоти нек ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек равона гардидааст” — навиштааст манбаъ.
Интизор меравад имрӯз Владимир Путин, Александр Лукашенко, Илҳом Алиев, Никол Пашинян, Нурсултон Назарбоев ва Сооронбой Ҷээнбеков низ вориди Душанбе шаванд.