Собиқ афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки моҳе қабл бо пахши як изҳороти расмӣ эълон карда буд аз кор дар ин кумита даст мекашад, аз фишори нав болои хонаводааш хабар дод.
Ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки дирӯз ба назди волидонаш кормандони ШКД ҳозир шуда, онҳоро ба шӯъбаи пулис бурдаанд. Кормандони ВКД бо таҳдид фаҳмонидаанд, ки алайҳи Расулов парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои “хиёнати давлатӣ” ва “ифшокунии сирри давлатӣ” боз шудааст.
Расулов навиштааст “дар натиҷаи фишор аз тарафи пулис, фишори хуни модари 65-солаам Шарифова Муродой баланд гардида, ӯ ҳамчунин сактаи қалбӣ дидааст”.
Ин афсари собиқи КДАМ аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки наздикони ӯ ва ҳамаи онҳоеро, ки бо сиёсати мақомот розӣ нестанд, ором гузоранд. “Онҳо ҳеҷ гуноҳе надоранд ва набояд барои “ҷиноятҳо”-и наздикони худ посух гӯянд” — навиштааст ӯ.
Расулов инчунин аз созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ва кишварҳои демократӣ даъват кардааст ба истифодаи наздикони мухолифин чун олати фишор ба онҳо аз тарафи мақомоти Тоҷикистон, диққат кунанд ва барои пешгирӣ аз он гомҳои зуруриву таъсиргузор ниҳанд. Ӯ гуфтааст амалкарди мақомоти Тоҷикистонро мешавад чун террори сиёсӣ қаламдод кард.
Қаблан ҳам, аниқтараш 24 август,яъне ду рӯз пас аз изҳороти расмиаш, Расулов дар бораи фишор болои наздиконаш хабар дода буд.
Афсари КДАМ Маҳмадалӣ Расулов рӯзи 22 авгуфт бо пахши як навори видеоӣ дар саҳифаи фейсбукиаш эълон кард кор дар ин кумитаро қатъ мекунад, чун намехоҳад дар куштори раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ даст дошта бошад.
Дар навор ин афсари КДАМ гуфт барои андохтани ихтилоф байни мухолифин ва ҷамъоварии маълумот дар бораи онҳо, сипас омодасозии сӯиқасд ба ҷони раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба Аврупо фиристода шуда буд, аммо нахост дар куштори ҳамватанаш ширкат кунад. Бинобар ин аз мақомаш дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ канор меравад.
Ин эътирофи ӯро инҷо бубинед: