Мақомоти маҳаллӣ аз мардум барои таъмири бино маблағ талаб мекунанд, аммо маркази матбуотии шаҳрдорӣ мегӯяд қароре, ки шаҳрвандон барои рангубори беруни бинои истиқоматӣ ҳатман бояд пул пардозанд аз суи шаҳрдории пойтахт гирифта нашудааст. Пас пулҳое, ки аз сокинони Душанбе барои таъмир ҷамъ мекунанд, ба кисаи киҳо меравад?
Обид Шакурзода, нависанда ва адабиётшиноси тоҷик зимни як мактубаш ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хабар додааст, ки мақомоти маҳаллии ноҳияи Фирдавсӣ аз ӯ барои таъмири намоди биное, ки дар он истиқомат мекунад, 530 сомонӣ талаб кардаанд. Шакурзода гуфтааст чунин имкониятро надорад ва метавонад 10 дарсади маошаш, яъне 170 сомонӣ пардохт кунад.
“Аммо ин гурӯҳ (се чор нафар) аз ҳукумати ноҳия танҳо як гап мегуфтанд: бояд 530 сомониро диҳӣ; онҳо пешниҳоди маро қабул накарданд. Ва бегоҳи дигар боз омада дарамро заданд, ки бояд пул диҳӣ” — навиштааст Шакурзода.

Обид Шакурзода
Ӯ ба маркази матбуотии шаҳрдорӣ занг задааст, то қазияро мушаххас кунад. Онҷо посух додаанд, қароре, ки шаҳрвандон барои рангубори беруни бинои истиқоматӣ ҳатман бояд пул пардозанд аз суи шаҳрдории пойтахт гирифта нашудааст.
“Намояндаи маркази матбуот афзуд, ки ихтиёр доред пул диҳед ва мувофиқи тавон, масалан имкон дошта бошед 5 ҳазор сомонӣ бидиҳед, надошта бошед панҷ сомонӣ бидеҳед ва ё аслан надиҳед” — илова мекунад Шакурзода.
Баъди ду ҳафта мақомоти маҳаллӣ барқи хонаи нависандаи тоҷикро қатъ кардаанд. “Берун омадам ва дар даромадгоҳи бино ду нафар аз кормандони умури барқи ноҳияро дидам (аз пӯшокҳои танаашон ва мошини тамғадорашон шинохтам), онҳо гуфтанд, ки барқи хонаатро мо хомӯш кардем. Гуфтамшон, ки бародарон, ман аз барқ қарздор нестам ва мураттабу муназзам ҳазинаи барқро пардохт кардаам. Аммо ин ду корманд гуфтанд, ки гап бар сари ҳазинаи барқ нест, моро ҳукумати ноҳия фармон додааст, ки маҳз барқи шуморо қатъ кунем. Инак то ин вақти шом мо ҳудудан барқи 35-40 ҳуҷраро қатъ кардем” — менависад донишманди тоҷик.
Қаблан Паём дар бораи ҷамъоварии маблағ аз сокинон дар нуқтаҳои гуногуни пойтахт хабар дода буд.
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки агар ҳукумати шаҳр чунин қароре содир накардааст, пас ин қадар пуле, ки аз садҳо бино, ки ҳар кадоме садҳо хона доранд ҷамъ мешаваду ба миллионҳо сомонӣ мерасад, ба кисаи киҳо меравад?
P.S. Замоне, ки ин навишта ба нашр омода мешуд, Обид Шакурзода дар поварақи пости фейсбукиаш навишт, ки барқи хонаашро пайваст кардаанд.