Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Кӣ дар Тоҷикистон аз ДОИШ ҳимоя мекунад ва чаро мақомот бар вуҷуди он эътироф намекунанд?

$
0
0

Расо ду моҳ қабл дар Тоҷикистон амалиёти террористӣ анҷом шуд, ки боиси марги чаҳор сайёҳи хориҷӣ гардид. ДОИШ расман ин амалиётро ба дӯш гирифт, вале мақомоти расмӣ гуноҳро ба дӯши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бор карданд.

Террор ва ҳадафи он

Террор ин бо роҳи зӯроварӣ ба ҷамъе аз мардум бор кардани ақидаву андешаи худ аст.  Ҳадафи террор ҳам тарсонидани мардум ва дарак додан аз худ мебошад. Агар ҳизбе, созмоне ё гурӯҳе амалиёти террористӣ анҷом дод, вале аз худ дарак надод, пас ин амалиёт маънии худро гум мекунад.

Ҳамин тавр амалиёти террористиеро, ки 29 июл дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, ДОИШ ба дӯш гирифт. Ҳамчунин наворе нашр шуд, ки омилони ин амалиёт ба Абубакри Бағдодӣ байъат мекунанд. Яъне бо ин амалиёт ДОИШ аз худаш дарак дод. Агар ин амалиёти террористӣ ба ҲНИТ лозим мебуд, пас анҷон додани ону дарак надодан аз худ, ҳеҷ маъниеро дар амалиёт боқӣ намегузорад.

Суоли дигар ин аст, ки чаро мақомот аз ҳақиқат мегурезанд ва мехоҳанд ва ин амалиёти террористиро ба дӯши ҲНИТ гузоранд?

ҲНИТ дар ин робита чӣ гуфта буд?

Ҳанӯз соли 2015, қабл аз манъи фаъолияти ҲНИТ, раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ба кишварҳои кафили Созишномаи сулҳи байни тоҷикон муроҷиъат кард ва аз онҳо даъват намуд ба қарорҳое, ки дар ин робита аз тарафи раисҷумҳури Тоҷикистон содир мешаванд, дахолат кунанд ва ба нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар кишвар мусоидат намоянд. ҲНИТ он вақт таъкид мекард, ки таъқибу маҳдудкунии фаъолияти ин ҳизб метавонад сатҳи ифротгароии мардумро боло барад ва амнияти Осиёи Марказиро зери хатар гузорад.

“Ҳзаорон нафар, аз набудани волоияти қонун, адолат ва имконияти фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ умеди худро аз даст дода, кишварро тарк карданд, гурӯҳи дигар ба созмонҳои ифротгаро пайвастанд. Имрӯз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ҷустуҷӯи роҳи мубориза бо терроризму ифротгароӣ аст, вале мақомоти давлатии Тоҷикистон ба хатоҳои сиёсие даст мезананд, ки метавонад авоқиби баде барои кишвар ва минтақа дошта бошад. Метавон гуфт, ки таҷрибаи нотамоми сулҳу ваҳдати миллати тоҷик, ки бо дарстгирии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба даст омада буд, ба вазъи кишвар ва минтақа таъсири манфӣ хоҳад расонд” — омадааст дар муроҷиатномаи ҳизб.

Коршиносон чӣ мегуфтанд?

Ҳамон замон, яъне қабл аз ғайриқонунӣ эълон шудани фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов қайд карда буд, ки аз рӯи таҷрибаи байналмиллалӣ, дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ тамоми ҳаракот барои қатъи фаъолияти мухолифини сиёсӣ натиҷаи баръакс меиҳад, яъне ба тезутунд шудани вазъи дохилии сиёсӣ дар кишвар мерасонад. Ғайри ин  сиёсат холигоҳро намеписандад ва ҷои як ҳизби басташуда даҳ ташкилоти бамаротиб тундгаротар, ки ҳамагуна намудҳои гуфтугӯро инкор мекунанд, пайдо мешаванд.

Ба андешаи ӯ тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ мешавад хулоса кард, ки бастани ҲНИТ ба афзоиш ва ташдиди ташкилоти исломии тундгаро дар кишвар оварда мерасонад. Бахше аз ҷавонони андешаҳои родиколидошта аз ҲНИТ ба созмонҳои бунёдгарои исломӣ аз қабили ДОИШ, Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва ғайра меравад. Имрӯз ҲНИТ гурӯҳи бузурги ҷавонони исломии дигарандешро аз рафтан ба ингуна созмонҳо нигоҳ медорад ва маҳз ба ҳамин хотир родиколҳову тундгароёни ҳама сатҳҳо ин ҳизбро бо шиддат интиқод мекунанд. Бинобар ин қабл аз он ки ҲНИТ-ро бибанданд, мақомот бояд боре ба атроф нигаранд, ки дар чӣ иҳотаи “гарме” қарор гирифтаанд.  

Аз инҷо мешавад хулоса кард, ки ҷойгузини аслии ҲНИТ созмонҳое хоҳанд буд, ки зикрашон рафт — аз ДОИШ-у Ансоруллоҳ то пешвоёни салафие, ки ҳукумат дар ВАО алайҳи ҲНИТ истифода мебарад.

“Бинобар ин агар ҷои пешвоёни созмонҳои тундгаро мебудам, ба муаллифон ва тарҳрезони барномаи манъи ҲНИТ ҳайкал мегузоштам. Ваагар ҷои мауомоти интизомӣ мебудам сахт бо ин “тарҳрезон” машғул мешудам, то маълум кунам, ки бо кадом асос онҳо манофеъи терроризму экстремизми байналмиллаиро дар ҳукумат лобигарӣ мекунанд: То чӣ ҳад ин беақлӣ ва нашинохтани вазъ аст ва то чӣ ҳад амалкарди мақсаднок барои ба ҳам задани оромӣ дар кишвари мо ва бознигарии бандҳои асосии Созинӯшномаи сулҳ аст?” — хулоса карда буд коршинос.   

Натиҷа чӣ шуд?

Вале ҳукумат ба ин эътибор надод. Аввалин огоҳӣ ин шуд, ки қумондони гурӯҳи махсуси пулис ба ДОИШ пайваст. Ин ҳамон нафаре буд, ки яке аз вазифаҳояш мубориза бо терроризм аст. Ҳамроҳ бо ӯ боз 12 афсари гурӯҳи махсуси пулис рафтанд, вали асмои онҳо то ҳол пинҳон дошта мешавад. То ҳол аз ӯ чун як нафари харизматик ёд мешавад, ки адолати иҷтимоиро орзу мекард.

Баъдан ҳам чанд ҳодисаи пайвастани кормандони ВКД ба ДОИШ ба вуқӯъ пайваст, вале ин маълумот расонаӣ нашуданд.

Ин боис шуд, ки вақте Додситонии кулл Стратигияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобилият бо ифротгароиву терроризм барои солҳои 2016-2020-ро тартиб медод, як бахши алоҳида илова кард: экстремизм ва родиколизм байни кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён. Дар ин бахш қайд гардидааст, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён бинобар муошираташон бо аносири ифротӣ, истифодаи Интернет, омӯзиши адабиёти ифротгароёна, ба риски зери таъсири онҳо рафтан гирифторанд. Омилҳое, ки метавонад боиси пайвастани кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён ба гурӯҳҳои тундгаро шавад, муносибати ғайриодилона аз тарафи раҳбарон, норозигӣ аз рафти хизмат, муносибати дағалона, мушкилоти хонаводагӣ ва манзил, заъфи ахлоқӣ, камбуди тарбияи сиёсӣ ва ғайра дониста шудааст.

Ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам соли 2016 дар моддаи “Терроризм” параграфи алоҳидаи “аз тарафи шахси масъул бо истифоа аз мавқеъи расмӣ” илова шуд, яъне вақте ки ахси масъул ба терроризм даст мезанад. Бояд қайд кард, ки баъди террористӣ эълон шудани ҲНИТ шумори ба Сурияву Ироқ рафтагон бо шиддат афзуда расман ба 1100 нафар расид. Маълумоти ғайрирасмӣ аз 4 ҳазор нафар мегӯянд.

Чаро додситонӣ ва ВКД инро эътиоф намекунад?  

ДОИШ то ҳол ҳеҷ таҳдиди ҷиддие барои Тоҷикистон надоштааст, аммо ҲНИТ ҷонибест, ки ба сулолаи Раҳмон таҳдид мекунад. Сабаби тарафи ҲНИТ-у Кабирӣ партоб шудани тамоми тирҳои иттиҳомоти Душанбе ҳам ҳамин аст, ки ҳукумат аз ин ҳизб беш аз ҳама хавф дорад. Эътирофи вуҷуди ДОИШ лузуми баргардонидани ҲНИТ бештар мекунад. Инро ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳам талаб хоҳад кард, то ҲНИТ алтернативае барои ҷавонони диндор бошад ва ҳамчуноне ки қаблан мекард, аз пайвастани онҳо ба ДОИШ ҷилавгирӣ кунад.

Шикасти ҳукумат дар қабулонидани ҲНИТ чун ҳизби террористӣ дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ боис шудааст ба саросемагӣ даст занд. Маъмулан ҳар саросемагие бар зарари худи омили он тамом мешавад. Ин буд, ки бо вуҷуди кӯшишҳои зиёди ҳукумат ҳеҷ ниҳоди байналмиллалӣ ё ҳатто кишварҳои шарики Тоҷикистон ба “далелҳо”-и ҳукумат алайҳи ҲНИТ бовар накард.

Аммо ин танҳо оғози кор аст. Ба зудӣ натиҷаи таҳқиқоти кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар ҳамлаи Данғара кушта шуданд, нашр хоҳад шуд. Бидкни он ҳам далелҳои зиёде дар дасти Паём қарор доранд, ки собит мекунад мақомоти Тоҷикистон агар худашон он амалиётро тарҳрезӣ накардаанд, ҳади ақал аз нақшаи он бохабар буданд ва медонистанд, ки кай ва дар куҷо баргузор мешавад.

Барои мисол баёнияҳои зиддунақизи мақомоти интизомиву додситонӣ ва қатли ҳамаи “террористон”-и бесилоҳ ба ҷуз як нафар. Ҳамчунин навори аслии сабти он ҳамла ба дасти Паём расидааст. Дар он наворбардор худро дар оинаи мошинаш сабт мекунад. Шахсияти наворбардорро ҳам Паём мушаххас кардааст, ки як корманди мақомоти интизомӣ мебошад. Ба зудӣ ин таҳқиқот нашр хоҳад шуд.  


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>