Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард Маскав раванди таҳвили системи мушакии С-300 ба Сурияро оғоз кардааст.
Сергей Лавров, вазири умур хориҷаи Русия ин эътирофро дар ҳошияи ҳафтоду севвумин иҷлоси маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид дар Ню Йорк, дар нишасти матбуотиаш кард.
Вай афзуд: Исроил бо таҷовуз ба ҳарими ҳавоии Сурия ва Лубнон қавонини байналмилаллӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амниятро нақз мекунад.
Вазири дифоъи Русия чанд рӯз пеш ба думболи суқути ҳавопаймои ин кишвар дар Сурия тайи суханоне гуфта буд, кишвараш сомонаи С-300-ро тайи ду ҳафтаи оянда ба Сурия таҳвил медиҳад.
Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия низ дар пайи суқути ҳавопаймои низомии ин кишвар дар гуфтугӯ бо Авигдор Либерман, ҳамтои исроилии худ гуфта буд: «15 низомии рус дар асари «иқдомоти ғайримасъулона»-и Исроил ҷон бохтанд. Алорағми тавофуқи ду кишвар барои ҷилавгирӣ аз иқдомоти хатарнок, Исроил танҳо як дақиқа қабл аз ҳамла ба Сурия моро огоҳ кард. Масъулияти соқит шудани ҳавопаймои низомии Русия ва кушта шудани хадамаи он бар ӯҳдаи Исроил аст».