Вазири умури хориҷаи Эрон аз тавофуқи ҳафт бонки аврупоӣ ҷиҳати эҷоди роҳкори вижаи молӣ барои иртибот бо Эрон ва табдили он ба як муассиса хабар дод.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон эълом кард: ҳафт бонки аврупоӣ тавофуқ кардаанд, ки роҳкори вижаи молӣ барои иртибот бо Эрон эҷод ва баъдҳо онро табдил ба як муассиса кунанд.
Вай дар суханони худ, ки аз телевизиони давлатии Эрон пахш шуд, бо ишора ба талошҳои густурдаи мақомоти Фаронса, Олмон, Русия, Англия ва Иттиҳодияи Аврупо дар ин замина дар чанд моҳи ахир, гуфт: «он чӣ, ки ба масъалаи Эрон рабт дорад, дар ояндаи наздик анҷом мешавад. Аммо он чӣ онҳо мехоҳанд муассисае ташкил диҳанд, ки фаротар аз Эрон битавонад кор кунад, мумкин аст бештар тӯл бикашад.»
Зариф изҳор дошт: «ҳамон гуна, ки хонум Могерини гуфт, ин роҳкори вижа фақат барои Аврупо нест, балки соири кишварҳо ва ширкатҳое аст, ки бо Эрон таомули молӣ доранд то битавонанд пулро ба ин ҳисоб ворез кунанд ва ҳазинаҳои содиротро низ аз ин ҳисоб бардошт кунанд.»
Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки кор фақат бо евро анҷом мешавад ва ҳеҷ ҳузуре дар бозорҳои долларӣ ва Амрико надорад, таъкид кард: «ба назарам роҳкори хубе барои аз байн бурдани яке аз созукорҳои таҳмилии Амрико дар ҳавзаи бонкӣ аст.»