Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Фиръавн Каду ва сиёсати кадупирамида

$
0
0

Пирамидаҳо аз тарбузу харбуз ва каду, “гулдӯзиҳо” аз анвоъи меваҷот, шабчароғ аз ангур, наққошӣ аз себу олу, шиорҳо аз сабзиву пиёз ва даҳҳо “халлоқият”-и дигар аз меъморони намоишгоҳи Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамтоёни ИДМ-иаш ягона “пешрафт”, “дастовард”, “зебоӣ”, “табиати биҳиштосо” ва ғайраи Тоҷикистон аст, ки барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ ороста мешавад.

“Шукрона кунед, ки меҳмонон дар тирамоҳ омаданд, дар баҳор меомаданд чи?” — суоли риторикӣ гузоштааст корбари фейсбук Омар Амониён. Воқеъан, агар баҳор меомаданд, ба меҳмонон чӣ намоиш медоданд? “Чукриву рошак, дар мобайнаш гули сияҳгӯш” — посух медиҳад корбари дигар Карина Сафарова.

Меҳмонон ҳам аз ин меваҷоти “биҳишти рӯи замин” мечашанд ва сар такон медиҳанд: баҳ-баҳ, чӣ бомаззаест! Гӯё бори аввал меваеро бо чунин тамъи лаззтабор нӯши ҷон мекунанд. Соҳибхона низ аз хушҳолӣ табассумаш то баногӯш паҳн мешавад: меваи биҳишт аст дигар.

Сиёсати меваву сабзавотӣ ҳам кам кам дорад ба масъалаи аввали сиёсати иқтисодии кишвар табдил мешавад. Раисҷумҳур ҳатто дар сафарҳои хориҷиаш аз дигарон даъват мекунад ба Тоҷикистон биёянд ва аз меваҳои нестандарҷаҳони он бичашанд ва меҳмондории тоҷиконро тамошо кунанд. Худаш ҳам дар меҳмондорӣ тамоми ҳамтоёни хориҷиашро мот кардааст — онҳо назди меҳмононашон як шиша об мемонанд, ин ҷаноб аз тарбуз кӯҳу аз ангур абр ва аз себу анор қаср месозад.

Фарқ ҳам дар ҳамин аст. Дигарон ниёзе ба чунин худнамоиҳо надоранд. Ва ин худнамоии аблаҳонае ҳам ҳаст: тарбузе, ки дар замин рӯиду ширин буд, ба туву сиёсату ҳукмрониат бастагие надорад. На ту боду ҳавои мусоидашро фароҳам сохтаӣ на замини ҳосилхезашро. Ҳатто дар парваришаш камтарин нақше надорӣ.  Дигарон инро ҳам мефаҳманд, ки зиёфати оростаашон барои меҳмонон аз кисаи мардум аст ва бояд иҷозаи мардумро дошта бошанд.

Ин сиёсати кадупирамида 20 сол аст, ки идома дорад. Як таҳлилгари ҳукуматгаро боре аз ин иқдоми ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ситоиш карда буд, ки беҳтарин рекламаи меваву сабзавоти Тоҷикистон аст, чун дар баладтарин сатҳ анҷом мешавад. Вале то ҳол, бо гузашти ду даҳсола ва харҷи миллионҳо доллар барои ин рекламаи нестандарҷаҳон, ҳатто як созишномаи байнидавлатӣ барои хариди меваҳои “биҳиштӣ” тасвиб нашудааст. Шояд даҳҳо имзо шудаанд, вале рӯи қоғаз боқӣ мондаанд.

“Нестандарҷаҳон” будани меваҳои Тоҷикистон ҳам масъалаи баҳсист. Бале, шояд як ду намуди мева дар таъмашон беҳтару беназир бошанд, вале масалан ангуру харбузаи Ӯзбекистон, тарбузу кадуи Русия, анори Туркманистон, себи Украина ва ғайра аз ин намуди меваҳои Тоҷикистон бамаротиб хушмаззатару хушсифаттар ҳастанд. Албатта ҳар қурбоқа ботлоқи худашро васф мекунад, вале харидор на ба васф, балки ба таъму сифат диққат медиҳад.

Ва на танҳо ба таъму сифат. Барои ҷалби харидор, ҳатто агар меваҳои ту нестандарҷаҳон аст, танҳо таъму сифат ва реклама дар сатҳи боло кофӣ нест. Барои ҷалби харидор ва таъмини ӯ бо маҳсулот даҳҳо масъалаи дигар бояд ҳали худро пайдо кунад: сиёсати дурусти аграррӣ, нарх, нигаҳдорӣ, ҳамлу нақл, андоз, тахфиф, менеҷмент ва ғайра. Меваи деҳқонро дар баландтарин сатҳ реклама кардану худи деҳқонро бо бистучанд намуд андоз пачақ кардан ҳеҷ натиҷае ҷузъ марги тадриҷии деҳқон надорад. Вақте нархи тарбузу харбуза дар бозори Тоҷикистон гаронтар аз Ёқутистони Русия аст, аз пирамидаи тарбузиву харбузагӣ чӣ нафъ? Вақте пиёз дар замин мепусад, чун танҳо қимати ҷамъоварии он аз қимати худи пиёз болотар аст, ҳазор шиор бо пиёзи сабзӣ ҳам нависед, деҳқон аз он фоидае намегирад.

“Агар токзори хочии регари намебуд, чи кор мекардем?” — танз кардааст рӯзноманигор Азиз Нақибзод. Бале, ба Мирзиёев чӣ нишон медодем? Корхонаи алюминӣ, ки моли шӯравист. “Чакану атласу тоқӣ ҳаст ку” — посух медиҳад корбари дигар Насими Раҳим. Вале атласу тоқӣ моли ӯзбекҳо ҳам ҳаст. Чаканро ба Мирзиёев пӯшонида намешавад.

Ягона соҳае, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз намурдааст, ҳамин заминдориву боғутокпарварист. Медонед чаро? Чун Ҳасану Шамсуллову Озодаву Бег ҳанӯз сар ба он нахалонидаанд. Фардо, баъди дидани наворҳои зебои боғи ангури ҳоҷии регарӣ агар Шамсулло ё Ҳасан онро “харид” (ба даҳяки нарх ва “розигии” соҳибаш) ҳатман ду сол қабл аз ин боғ нишоне нахоҳад монд. Он вақт меҳмононро куҷо мебарем?

Мутаассифона ҳатто «меваҳои биҳиштӣ» аз «биҳишти рӯи замин» нестанд. Қисмате аз онҳоро аз кишварҳои ҳамсоя овардаанд.

«Мутассадие нақл карда буд, ки дар намоиши маҳсулоти хоҷагӣ дар Сочӣ аз Ҳисор чанд бутаи ангур бурданд ва чанд кг ангури бузургҳаҷм аз Туркманистон хариданд. Ангурҳои зебонамуди Туркманистонро ба ниҳолҳои Тҷ ширеш карданд.
ТВи Русия нишон дода буд, ки Назарбоев як дона ангур канду хӯрду ба Путин ангури «тоҷикиро» таъриф кард. Боварӣ дорам, ки Назарбоев ва Путин ҳарду медонистанд, ки аз куҷо то куҷо ширеш часпидааст. Аммо, ин вазъ барояшон лозим аст ва «ҳайбале!» гуфтан мегиранд.
Ва аммо, «тентакро «ҳай бале» куштаст!» — менависад табиб ва фаъоли сиёсӣ Абдулло Давлатов. 

“Дар охир пирамидаи фиръавн Каду” — навиштааст корбари фейсбук Муҳибуллоҳ Аминӣ бо нашри ин акс.

Пирамидаҳои фиръавнҳои Миср то абад сабти таърих шудаанд. Бо шарофати дониши меъморонаш ва сатҳи баланди сохтмони он. Пирамидаи фиръавн Каду ҳам барои ҳамеша сабти таърих хоҳад шуд. Бо шарофати интернет, “креатив”-и меъморонаш ва сиёсати кадупирамида.      

Аксҳо аз «реклама дар баландтарин сатҳ»:

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>