Рӯзи 29-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро ба кор андохтанд, — иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Дар ин корхонаи муштарак асосан трактор ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешавад.
Марҳилаи аввали ин корхона моҳи майи соли 2018 бо иштироки сарони давлатҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, он дар як сол имкони васлу насби 620 тарактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро дошт.
Ба сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки дар давоми 4 моҳи фаъолият дар ин корхона 206 техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла трактори тамғаи «Беларус 82.1″ 48 адад, ядакҳо 29 адад, испор 113 адад, сихмола 2 адад, тойбанд 16 адад ва заҳрпошак 2 адад васлу насб карда шуд.
Қаблан барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус- 80.1», «Беларус-82.1», «Беларус-952» ва васлу насби ядак (прицеп) ва дигар механизмҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд миёни ҶСП «Агротехсервис», Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Заводи тракторбарории Минск» ва ширкати «Бобруйскагромаш» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида буд ва ҷиҳати ба кор андохтани марҳилаи дуюм бо ширкатҳои номбурда барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус 80Х» ва «Беларус 512» иловатан шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» иқтидори пурраи он дар як рӯз ба 6 трактори гуногунтамға баробар гардид. Таъкид карда шуд, ки аз ин пас мутобиқ ба талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ имкон аст дар ин корхона дар як сол беш аз 1700 трактори гуногунтамға васлу насб карда шавад. Истеҳсоли солонаи дигар таҷҳизоти кишоварзӣ аз ҷумла ядак (прицеп) ба 2600 адад баробар гардид.
Масъулон нақша доранд дар оянда ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ тракторҳо ва дигар таҷҳизоти кишоварзии дар ин корхона истеҳсолшавандаро содирот намоянд. Аз ин хотир яке аз хатҳои васлу насби техникаҳои кишоварзӣ ба содирот нигаронида шудааст.