Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон сойти худро роҳандозӣ кардааст. Дар ин сойт дар бораи зиндониёни сиёсӣ, гаравгонҳое, ки режими Тоҷикистон гирифтааст, кушташудагон ва дуздидашудагони режим маълумот нашр шудааст.
Ин сойт зери нишонии https://zindoniyon.com/ дар дастрасӣ қарор дорад.
Қисмате, ки дар бораи зиндониёни сиёсӣ ҳикоя мекунад асмои ҳудуди 200 нафарро зикр кардааст, ки ба солҳои зиёди зиндон маҳкум шудаанд.
Сойт рӯйхати сиёсатмадорони пурнуфузеро ҳам овардааст, ки дар ҳолатҳои то ҳол ифшонашуда кушта шудаанд.
Асмои фаъолони сиёсие, ки аз Русия ё кишвари дигаре рабуда шуда, ба Тоҷикистон оварда шудаанд низ гирдоварӣ шудааст. Дар ин рӯйхат Эҳсон Одинаев истисноист — ӯ бе ному нишон гардидааст.
Як бахши сойт ба онҳое бахшида шудааст, ки соли 2012 ҳангоми амалиёти махсус дар Хоруғ кушта шудаанд.
Сойти КНГЗСТ номҳои онҳоеро низ, ки алайҳашон шиканҷаи ҷисмонӣ истифода гардидааст, гирдоварӣ намудааст. Ҳамчунин асмои онҳое, ки бидуни ҳеҷ далеле ба терроризму ифротгароӣ муттаҳам шудаанд.
Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ ҳамагӣ ду моҳ қабл таъсис шудааст, аммо корҳои чашмрасе анҷом дод. Аз ҷумла ин кумита нақши боизе дар берун овардани Ҳамза Тиллозода, набераи раиси Паймони миллии Тоҷикистон ва Фотима, духтари Шабнам Худойдодова доштааст.