Рустами Ашӯралӣ, писарамаи Абдуҳалим Назарзода ба таври мармузе дар зиндони “Кирпичный”-и Ваҳдат ҷон бохтааст. Сабаби марги ӯ то ҳол ба Паём маълум нест.
Рустами Ашӯралӣ, мутаваллиди соли 1970, мисли аксари наздиконаш баъди иттиҳоми Ҳоҷӣ Ҳалим ба ошӯб дастгир ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ устои мошин буда, соҳиби 4 фарзанд аст.
Ташйеъи ҷанозаи ӯ фардо, 17.10 дар маҳаллаи Қаротегини Душанбе баргузор мешавад.
Моҳи сентябри соли 2015 мақомоти Тоҷикистон эълон карданд ҷонишини вазири дифоъи кишвар даст ба табаддулоти низомӣ зада, аммо муваффақ нашудааст. Чанд рӯз пас ҷасади ӯ ва чанде аз наздиконашро тариқи расонаҳои давлатӣ нишон доданд, ки гӯё аснои муқобилият ба мақомот кушта шудааст.
Бо баҳонаи ҳамдастӣ ба ин “табаддулот”, мақомот садҳо нафар — асосан собиқ муҷоҳидини ИНОТ-ро боздошт ва ё қатл карданд ва ҲНИТ — ягона ҳизби қудратманди мухолифро террористӣ ва ғайриқонунӣ эълон намуданд.
Тафсилоти бештар дар бораи марги мармузи Рустами Ашӯралӣ ба зудӣ нашр хоҳад шуд.