Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Иқоматгоҳи консули Арабистони Саудӣ дар Истамбул тафтиш мешавад

$
0
0

Вазорати умури хориҷаи Туркия эълом кард иқоматгоҳи сарконсули Арабистони Саудӣ дар Истамбул дар робита бо парвандаи Ҷамол Хошуқчӣ маврид бозрасӣ қарор хоҳад гирифт.

Мақомоти Туркия мехоҳанд мушаххас кунанд, ки мошини сиёҳшишае, ки пас аз чанд соати вориди консулгарӣ шудани Хошуқчӣ аз консулгарӣ ба иқоматгоҳи сарконсул рафт, чӣ ё киро интиқол дода буд. Дирӯз як гурӯҳи муштарак аз мақомоти Туркияву Арабистони Саудӣ барои таҳқиқот вориди консулгарии Арабистон дар Истамбул шуданд.  

Ҳамчунин Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия тайи суханонроние дар нишаст хабарӣ дар Анқара дар робита бо парвандаи Ҷамол Хошуқҷӣ эълом кард: додситони Туркия, ҳар фардеро, ки дар консулгари Арабистони Саудӣ салоҳ бидонад мавриди бозҷӯӣ қарор хоҳад дод.

Гуфтанист Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори аҳли Арабистони Саудӣ, сардабири собиқи рӯзномаи Ал-Ватан ва сутуннависи Вашингтон пост рӯзи дувуми моҳи октябри ҷорӣ ба манзури анҷоми умури расмие вориди консулгарии ин кишвар дар Истамбул шуда ва аз он хориҷ нашудааст.

Полиси Туркия зимни таъйиди адами хурӯҷи Хошуқчӣ аз консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул эълом карда, ки ҳамзамон бо вуруди ӯ ба ин маҳал 15 мақоми амниятии ин кишвар низ бо ду парвоз вориди ин шаҳр шуда ва пас аз муддати кӯтоҳе Туркияро тарк кардаанд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти Арабистони Саудӣ таҳти фишори байналмиллӣ барои равшан шудани сарнавишти вай қарор гирифтанд. Онон барои ҳамкории наздик бо Туркия дар ин замина эълом омодагӣ кардаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles