Маҷлиси намояндагони Амрико дар номае ба раисҷумҳури ин кишвар хостори баррасии парвандаи Хошуқҷӣ дар чорчӯби “қонуни Магнитский” ва эъмоли таҳрим алайҳи Арабистони Саудӣ шуд.
Беш аз 40 тан аз аъзои маҷлиси намояндагони Амрико бо ирсоли номае ба Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар хостори баррасии парвандаи нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ дар чорчӯб “қонуни Магнитский” шуданд.
Намояндагон аз Трамп хостанд то дар сурати исботи нақши Арабистони Саудӣ дар қазияи Хошуқҷӣ, алайҳи ин кишвар таҳримҳои шадид ва фарогир эъмол шавад.
Дар ин нома омадааст: «далоил ва шавоҳид ҳокӣ аз он аст, ки давлати Арабистони Саудӣ фармони қатл ва мусла кардани Ҷамол Хошуқҷиро додааст. Аз раисҷумҳури ИМА мехоҳем, ки ба ин масъала фавран расидагӣ кунад. Бояд давлати Трамп ба масъалаи қатл ва шиканҷаи фарде, ки аз ҳаққи озодии баён дифоъ карда, расидагӣ кунад. Мо хоҳони баррасии моҷарои парвандаи Хошуқҷӣ дар чорчӯби қонуни ҳуқуқи башари Магнитский ҳастем.
Аз давлат мехоҳем, ки тайи 120 рӯз (4 моҳ) гузорише дар заминаи парвандаи Хошуқҷӣ омода кунад, то бар асоси он ашхоси рабтдошта бо ин парванда таҳрим шаванд.
Дастгоҳи иттилоотии Амрико бояд ҳарчӣ сареътар иттилоотеро, ки дар хусуси парвандаи Хошуқҷӣ дар даст дорад дар ихтиёри кунгура қарор диҳад. Дар сурате, ки таҳқиқот зудтар ба поён расад ва натиҷаи он бо гузорише, ки дар расонаҳо мунташир шуда мунтабиқ буд, бояд ҳарчӣ сареътар алайҳи ин кишвар ва ашхоси муртабит бо ин моҷаро таҳримҳои бисёр сангин эъмол шавад. Ҳамчунин Амрико бояд ҳарчӣ сареътар аз дахолат дар Яман даст бардорад.»